Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки Кумиссиюни Аврупо ба Тоҷикистон


Кумиссиюни Аврупо дар доираи барномаи амнияти барои Тоҷикистон 6 миллиону 890 ҳазор евро ихтисос дод.
Қарор аст ин маблағ барои ислоҳоти сохторӣ дар соҳаи идораҳои молиявии ин кишвар масраф шавад. Маҳбуба Абдуллоева, масъули дафтари матбуоти намояндагии Кумиссиюни Аврупо дар шаҳри Душанбе гуфт:

Ҳадафи барномаи мазкур ин аст, ки барои ҳукумати Тоҷикистон дар таҳияи барномаҳо оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва инчунин дар роҳи иҷро назорат ва муассиртар кардани ин барномаҳо кӯмак расонад. Беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ барои шаҳрвандон низ аз аҳдофи дигари ин барнома мебошад. Дар чаҳорчӯби барномаи мазкур ҳамчунин пурзӯр кардани назорат ва идора аз болои хароҷоти давлатӣ ва фаъол кардани кори оҷонсии миллии омор дар назар аст.
Дар ҳоли ҳозир роҳҳои амалӣ сохтани ин кӯмаки молии Кумиссиюни Аврупо мавриди омӯзиши ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Шурӯъ аз соли 1992 Кумиссиюни Аврупо ҷиҳати таҳкими раванди ҷомиаи мардумсолорӣ ва гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ ба Тоҷикистон ёрии молӣ мерасонад. Танҳо дар соли 2005 Кумиссиюни Аврупо барои коҳиши мизони фақр ва татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 25 миллион евро ихтисос додааст. Ҳамзамон аз сӯйи ин ниҳод барои ворид кардани ислоҳоти идорӣ, назорати марзҳои давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир беш аз 10 миллион евро ва барои ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳудуди ҳашт миллион евро ҷудо шудааст.
Носирҷони Маъмурзода
XS
SM
MD
LG