Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозори Озодӣ". Шумораи дуввум


АХБОР

Тайи моҳи декабри соли 2005 шумори ҷойи кор дар Амрико 108 000 афзудааст, ки назар ба пешгӯиҳо камтар мебошад.Мизони бекорӣ дар Амрико феълан 4,9 дарсадро ташкил медиҳад. Мизони бекорӣ дар байни мардуми қобили кор дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи декабр 8,5 дарсад буд.

Корхонаи саҳҳомии "Ресанда"-и шаҳри Қурғонтеппа бо ширкати "Ал-Ҷазира"-и Баҳрайн қарордоди ҳамкорӣ имзо кардааст. Ориф Абдукаримов, раҳбари "Ресанда" гуфт, ширкати "Ал-Ҷазира" мехоҳад барои навсозии коргоҳҳои ин корхона 12 миллион доллар ихтисос диҳад.

Корхонаи нақлиёти мусофиркашии Душанбе мегӯяд, то поёни семоҳаи аввали соли равон 50 троллейбуси сохти русӣ вориди пойтахти Тоҷикистон хоҳанд шуд. Барои харидории ин 50 тролейбус 2 900 000 доллар масраф шудааст.

Дар Детройти Амрико намоишгоҳи ҷаҳонии автомобилӣ оғоз ба кор кард. Дар 300 000 метри мураббаъи ин намоишгоҳ имсол 700 навъ автомобил дар маърази тамошо гузошта шудааст, аз ҷумла 19 автомобили сохти ҷадид. Рақобатҳои аслӣ дар бозори мошинсозии ҷаҳон ҳамчунон байни ширкатҳои амрикоиву аврупоӣ ва корхонаҳои Осиёи Шарқӣ ҷараён дорад, аммо ҳарчӣ бештар ба фоидаи мошинсозони Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, сохтмони нақби Анзоб то иди Наврӯз ба поён хоҳад расид. Ширкати эронии Собир барои ин сохтмон 39 миллион доллар ихтисос додааст. Вазорати нақлиёт мегӯяд, танҳо ҳудуди 800 метр тӯли роҳи мошингард ва 450 метр тӯли нақби ҳавокашии нақби Анзоб дар дасти сохтмон боқӣ монда, бунёди бақияи тӯли ин нақби панҷкилометрӣ алакай ба анҷом расидааст.

Аз аввали соли нав нархи бензин дар Тоҷикистон ҳудуди 7 дарсад пойин рафтааст. Вазорати иқтисод аз байн рафтани маҳдудиятҳои муваққат дар роҳи содироти маводи сӯхти тавлидоти Қазоқистонро як далели умдаи коҳиши нархи ин маҳсулот дар бозори Тоҷикистон медонад. Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли гузашта аз хориҷ наздики 280 000 тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 112 миллион доллар ворид кардааст.

Ва ниёзи рӯзонаи иқтисоди Чин ба нафт 5 милён бушка ҳисоб шудааст. Чин бо рушди иқтисодаш аз бозорҳои бузургу ояндадори фурӯши энержии ҷаҳон дониста мешавад ва тибқи пешбиниҳо, эҳтиёҷоти Чин ба маводи сӯхт то 20 соли дигар 13 милён бушкаи нафтро дар рӯз ташкил хоҳад дод.

МУРОДҲОИ ДУШАНБЕ АЗ НИШАСТИ ТЕҲРОН

Рӯзи 16 январ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар раъси ҳайъати кишвараш дар Теҳрон дар нишасти сарони се кишвари форсизабон Тоҷикистону Эрону Афғонистон ширкат хоҳад варзид. Ҷамшед Шарифов, корманди бахши равобити хориҷии вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар бораи дастури кори ин нишаст ба маҷаллаи "Бозори Озодӣ" гуфт: "Якум, мусоидат кардан ба иҷрои ҳуҷҷатҳое, ки пештар дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷонибаву сеҷониба ба имзо расидаанд. Дуввум, муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳоти энержӣ ва нақлиёт. Аз ҷумла имконот барои сохтани як хатти интиқоли нирӯи барқи Тоҷикистон, ки бояд тавассути Афғонистон то Эрон кашида шавад, ва ҳамчунин азнавсозии роҳи транзитие, ки тавассути Афғонистон Тоҷикистонро бо Эрон пайваст мекунад."

Аммо ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар Теҳрон бештар баҳси масоили ҳамкориҳои дуҷониба матраҳ хоҳад шуд. Аз ҷумла равобити Тоҷикистону Эрон. Дар соли гузашта табодлули молоу коло байни ин ду кишвар 67 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон дар ин муддат ба Эрон ба маблағи 37 миллион доллар мол фурӯхта ва аз он кишвар ба маблағи 30 миллион доллар мол ворид кардааст. Тоҷикистон аз Эрон бештари либосу хӯрока ва маводи сохтмон ворид мекунад, дар ҳоле ки ба он кишвар аз Тоҷикистон бештар алюминиву пахта содир шудааст.

Як мавзӯъи аслӣ дар равобити Теҳрону Душанбе дар ҳоли ҳозир тарҳи сохтмони нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда аст, ки бахши аъзами ҳазинаи сохтмонашро Эрон бар ӯҳда гирифтааст.Рашид Гулов, раиси департаменти энержии вазорати энержии Тоҷикистон мегӯяд, феълан як ҳайъат таҳти раҳбарии вазири энержии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов ба манзури баррасии мавзӯъ дар Теҳрон ба сар мебарад ва бояд барномаи ниҳоии ин сохтмон то замони боздиди Эмомалӣ Раҳмонов аз Теҳрон таҳия ва барои имзо раҳбарони кишварҳо ироа шавад: "Кори асосӣ алакай анҷом шудааст. Эрон ба хотири эҳдоси нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда бояд 180 миллион доллар қарзи имтиёзнок ҷудо кунад. 40 миллион доллари дигари лозим барои бунёди ин нирӯгоҳро давлати Тоҷикистон пайдо хоҳад кард."

Аммо Ҷӯра Бобоев, мушовири вазири энержии Тоҷикистон мегӯяд, як силсила масоил дар гирди ин мавзӯъ ҳалношуда боқӣ мемонад: "Қоидаву қонунаш чунин буда, ки сарфи назар аз шурӯъ ва ё сохта шудан ё нашудани сохтмон, тарафҳо бояд пешакӣ нарху навои маҳсулоти он ва чӣ гуна тақсим шуданаш дар байни тарафҳои сармоягузорро таъйин кунанд. Баъзе масоил дар мавриди нирӯи барқ то ҳол мувофиқа нашуда буд. Баъдан, ҷониби Эрон талаб кард, ки ҳар сол ба онҳо 13 фоиз баргардонем. мо ба ин розӣ нашудем ва гуфтем, ки ҳар сол 5 фоиз бар хоҳем гардонд. Дар ҳоли ҳозир, ҳамин масъала баррасӣ шуда истодааст."

Рашид Гулов мегӯяд. дар сурати ҳалли ҳама масоил сохтмони нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда дар ҳамин соли ҷорӣ амалан шурӯъ шуда, то 4 соли дигар анҷом хоҳад ёфт.

Чизи дигаре, ки дар роҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мушкил эҷод мекунад, ба ақидаи ҷониби эронӣ, адами амният барои тоҷирону сармоягузорони он кишвар дар Тоҷикистон аст. Дар тобистони соли гузашта зимни иҷлоси солонаи кумисиюни ҳамкориҳои иқтисодии ҳарду кишвар дар Душанбе қарор шуд, ба манзури ҳалли масоиле, ки байни тоҷирону сармоягузорони эронӣ ва мақомоти Душанбе, ба хусус мақомоти интизомиву молиётиаш пеш меояд, як Шӯрои вижаи ҳамоҳангсоз ташкил шавад. Ва ҳам қарор аст, дар ҷараёни музокироти Теҳрон низ раҳбарони аввали Тоҷикистону Эрон рӯи ин масъала таваҷҷӯҳ кунанд...

Сӯҳбатҳо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия ва Тоҷикистону Узбакистонро то чанд рӯзи дигар аз саҳифаи интернетии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дарёфт хоҳед кард.
XS
SM
MD
LG