Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чиҳил меҳроби Оли Сомон


Амрӣ Аминов, муҷассамасози тоҷики муқими Фаронса ҷоизаи "Треббия", яке аз ҷоизаҳои бонуфузи Ҷумҳурии Чехро соҳиб шуд, ки маросими супурдани он шоми ҷумъа дар бинои театри давлатии операи шаҳри Прага баргузор гардид. Ҷоиза барои дастовардҳои бузург дар бахши фарҳангро ба муҷассамасози тоҷик Шантал Пулан - ҳунарманди маъруфи синамои Фаронсаву Чехия супурд. Хонум Пулан гуфт:
Ман шаҳрванди Фаронсаи муқими Прага хушбахтам, ки ин ҷоизаро барои дастовардҳои эҷодияш ба Амрӣ - сокини шаҳри Париж месупорам.
Амрӣ Аминов зимни суханронии худ ба ҳайси барандаи ҷоиза аз созмондиҳандагони маросим, аз ҷумла, галереяи "Миро" изҳори сипос кард:
Барои ман боиси ифтихор буд, ки 15 сол пеш дар Берлин бо ҷаноби Миро ошно шудам. Ва имрӯз ҳамкориҳои мо самари хуб медиҳад. Ва аммо ман бештар аз он хурсандам, муҷассамаеро, ки замоне худи ман сохтаам, имрӯз ба ман ҳамчун ҷоиза супурда шуд. Ва ин хурсандиро ман бо шумо қисмат мекунам.
Баъди маросим Амрӣ ба мо гуфт, бисёр мехост суханронияш бо тоҷикӣ садо диҳад ва аммо, мутаассифона, созмондиҳандагон дар пайдо кардани тарҷумон оҷиз монданд.
"Треббия" - дуввумин ҷоизаест, ки тайи моҳҳои ахир ба муҷассамасози тоҷик супурда мешавад. Қабл аз Соли нав ӯ ҷоизаи Фаронса "Барои муҷассамаи беҳтарини сол"-ро соҳиб шуда буд. Ба ҷоизаи "Треббия" Амрӣ барои муҷассамаи "Шаҳри сулҳ" ваё "Чил меҳроби Оли Сомон" сарфароз шудааст.
Ҷоизаи "Треббия" соли 2000 аз сӯи галереяи Мирои шаҳри Прага таъсис шуда ҳамасола ба беҳтарин ҳунармандону пуштибонҳои фарҳанг супурда мешавад. Аз соли 2003 ба ин сӯ ба ин ҷоиза ҳамчунин ҳунармандони маъруфи дигар кишварҳо низ мушарраф мегарданд.
Сайидқосими Қиёмпур
XS
SM
MD
LG