Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳот дар Кумитаи марзбонии Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ба хотири таҳким бахшидан ва муассиртар кардани фаъолияти нерӯҳои марзбонии ин кишвар дар кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон ислоҳот анҷом дода, онро ба Кумитаи давлатии марзбонӣ табдил додааст.
Ба кумитаи давлатӣ табдил додани Кумитаи марзбонии Тоҷикистон бад ин маънист, ки раҳбари ин кумита акнун узви ҳукумати Тоҷикистон ва яке дигар аз тасмимгирандагони давлат мешавад. Тибқи фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов доир ба ислоҳот дар кумитаи марзбонӣ чанд мақоми олирутбаи ин ниҳод, аз ҷумла муовини аввали раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон Нуралишо Назаров аз мансабҳояшон сабукдӯш шудаанд.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон генерал-майор Сафаралӣ Сайфуллоев - муовини аввали раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон - сардори ситоди кулли қувваҳои марзбонӣ таъйин шудааст. Дар ҷойи муовинони сабукдӯшшуда афроди нав таъйин гаштаанд, ки ба гуфтаи дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон мутахассисони касбии варзида ва ботаҷриба мебошанд.
XS
SM
MD
LG