Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадобири бештари мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз зукоми мурғ


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар ва ширкатҳои сайёҳӣ даъват кардааст, то аз сафар ба Туркия ва Чин худдорӣ карда ва назорат аз болои бағоҷи мусофирони хати сайри ин ду кишвар дар фурӯдгоҳи Тоҷикистон пурзӯр гардад. Ин даъват аз ҷумлаи тадобире будааст, ки мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон бо тасвиби як қарори махсус барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемории зукоми мурғ дар Тоҷикистон рӯи даст гирифтаанд. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини раиси Маркази вогиршиносии вазорати беҳдоштии Тоҷикистон гуфт, вуруди гӯшти мурғ аз Туркия, Чин ва Русия ва ба фурӯш мондани он дар қаламрави Тоҷикистон манъ шудааст. Ҳамакнун дар фурӯдгоҳи Душанбе вазъи сиҳҳатии шаҳрвандоне, ки аз Туркия озими Тоҷикистон мешаванд, мавриди санҷиши пизишкон қарор мегирад. Ба гуфтаи оқои Ҷаъфаров, феълан дар тамоми кишвар тадбирҳои пешгирикунанда аз паҳншавии зукоми мурғӣ андешида мешавад. Дар ҳоли ҳозир, чанд гурӯҳи корӣ иборат аз кормандони масъули вазорати беҳдоштӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон сафар карда ва бо шаҳрвандон дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ин вабо машваратҳо доир мекардаанд. Ва аммо дар сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки Туркия барои шаҳрвандони хориҷӣ боз аст ва вазъ дар ин кишвар мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG