Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар водии Мино ба ҳоҷиёни тоҷик зиён нарасидааст


Дар фоҷиае, ки рӯзи панҷшанбе дар водии Мино рух дод, ба нафаре аз зоирини тоҷикистонӣ зиён нарасидааст. Дар ин бора Тоҳир Рашидов, муовини раиси кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ хабар дод:

Дар ҳодисае, ки дирӯз дар Макка рух дод, миёни фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Мо рӯз дар миён дар тамос ҳастем, хабар дорем, ки ба ҳоҷиёни Тоҷикистон ҳодисае руй надодааст, қисман аз вазорати хориҷа, ки онҳо низ дар ҷараёнанд, дар ин бора мепурсем, қисман худамон занг мезанем.

Рӯзи 12 январ дар маросими санг задани тимсоли Иблис дар водии Мино ҳадди аққал 345 тан аз зоирин зери по монда ба ҳалокат расиданд, садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Маросими санг задани тимсоли Иблис аз рукнҳои асосии Ҳаҷ маҳсуб мешавад.
Тоҳир Рашидов, муовини раиси кумитаи дини Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки вақти аниқи бозгашти ҳоҷиёни тоҷик маълум нест, зеро ширкати ҳавопаймоии кишвар ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки кай ҳавопаймоҳоро ба Арабистони саудӣ мефиристад. Ва аммо, афзуд ӯ, шурӯъ аз 16 январ бояд бозгашти ҳоҷиён ба кишвар шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG