Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дасти кам 345 зоир дар водии Мино


Маросими санг задани тимсоли Иблис дар водии Мино мунҷар ба ҳалокати дастикам 345 зоир ва маҷрӯҳ шудани садҳо нафари дигар шудааст. Маросими санг задани се тимсоли Иблис аз рукнҳои асосии Ҳаҷҷ ба ҳисоб меравад. Бисёре аз зоирин дар зери пойи издиҳоми зоирини дигар монда, кушта ё маҷрӯҳ шудаанд.

Як зоир, ки дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шуда, акнун дар бемористони Макка табобат мегирад, ба телевизиони Ал-Арабия дар бораи ин ҳодиса гуфт: "Тайи 20 дақиқа ман талош кардам худро рост кунам, вале натавонистам. Ман дар зери пойи мардум монда будам. Онҳо маро зер карда мегузаштанд. Шукри худо, ки чанд нафар пеши роҳи издиҳомро гирифт ва хушбахтона хоҳари ман тавонист дар пеши ман қад баланд кунад ва ман раҳо ёфтам."

Ҳоҷӣ Сангинмурод, яке аз зоирини тоҷик дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар бораи фоҷиъаи дирӯзаи водии Мино гуфт: "Издиҳоми мардум ногоҳ дар банд дармонд. моро ҳам чунон пахш карданд, ки ҳеҷ илоҷи берун шудан надоштем. Маҷбур кӯдаконро дастбадаст аз он ҷо берун кашидем. Аммо ин ҳама дер давом накард ва баъди чанде роҳ дубора боз шуду мо ба зиёрати худ идома додем. Мо ростӣ, ба чашм надидем, ки касе кушта шуда бошад, вале чанд нафаре буд, ки аз ҳуш рафта буд он ҷо." Муосоҳиби мо гуфт, то ҷое ки медонад, касе аз зоирини тоҷик дар ин ҳодиса осеб надидааст.

Ду сол пеш ҳам дар маросими сангзании Иблис дар водии Мино ҳудуди 250 зоир кушта шуда буд. Имсол ҳудуди 2,5 милён зоир аз Маккаву Мадина зиёрат карданд. Аз ҷумла наздики севуним ҳазор зоир аз Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG