Пайвандҳои дастрасӣ

Тундтар шудани дидгоҳи Аврупо дар қиболи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон...


Дирӯз дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Куфӣ Анон, ки бо раҳбари ҳайъати музокиротии Эрон Алии Лориҷонӣ гуфтугӯи телефонӣ дошт, дар бораи танишҳои афзоянда бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон изҳори нигаронии шадид карда, миёнҷигарии худро ба манзури ҳалли масъала пешниҳод кардааст. Лориҷонӣ ба Анон гуфтааст, ки Теҳрон ба идомаи музокирот бо Олмону Фаронсаву Бритониё манфиатдор аст. Алии Лориҷонӣ ҳамчунин гуфта, ки барномаҳои ҳастаии Эрон танҳо аҳдофи осоиштаро думбол мекунанд ва Теҳрон аз эҳтимоли ба минбари Шӯрои Амният(ША)-и СММ кашида шудани парвандаи ҳастаияш аслан нигарон нест.

Ин дар ҳолест, ки вузарои хориҷаи Олмону Фаронсаву Бритониё дирӯз дар пайи нишасти Берлин изҳор доштанд, ки мехоҳанд ба иллати азсаргирии фаъолиятҳои ҳастаияш парвандаи Эрон ба минбари ША бурда шавад. Дар нишасти Берлин раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана ҳам ширкат дошт.

Вазири хориҷаи Бритониё Ҷак Стро дар Берлин гуфт, Эрон бар хилофи тааҳҳудоти байналмилалиаш амал кардааст: "Дувуним сол пеш мо қарор кардем, ки ба ША кашидани масъаларо ба таъвиқ андозем, чунки Эрон ғанизосии ураниум ва дигар фаъолиятҳои марбутаашро мутаваққиф сохта буд. Аммо акнун онҳо ин тааҳҳудро зери по карданд ва ба ин далел масъалаи ба минбари ША бурдани мавзӯъ аз дигар дар дастури кор қарор гирифтааст."
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG