Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

...ва пуштибонии Амрико аз ин дидгоҳ


Латифи Латиф

Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс дар Вошингтон гуфт, ибтикори вазирони хориҷаи сегонаи Аврупо дар робита ба барномаҳои ҳастаии Эронро дастгирӣ мекунад. Олмону Фаронсаву Бритониё рӯзи чоршанбе хостори қатъи музокироти ҳастаӣ бо Эрон ва баргузории ҷаласаи изтирории Шӯрои созмони ҷаҳонии назорати нирӯи ҳастаӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Теҳрон шуданд. Кондолиза Райс гуфт, Амрико ҳам ба мисли Иттиҳодияи Аврупо иқдомоти ахири давлати Эронро, ки дидаву дониста мехоҳад вазъро дар атрофи барномаҳои ҳастаияш мутташаниҷ созад, маҳкум мекунад. Вай афзуд, ки ягон роҳ барои идомаи барномаи ғанисозии ураниуми Эрон боқӣ намондааст.

Хонум Райс ҳамчунин гуфт, Эрон як мушкили умда дар роҳи ҷараёнҳои демократии Ховари Миёна боқӣ мемонад. Вазири хориҷаи Амрико муътақид аст, ки ҳам дар созмони ҷаҳонии назорати нирӯи ҳастаӣ ва ҳам дар ША тарафдорони ҷорӣ кардани таҳримоти танбеҳӣ бар зидди Эрон зиёданд. Аммо ӯ аз ҳар навъ ташхиси таҳримоте, ки Эрон метавонад ба он мувоҷеҳ шавад, худдорӣ кард.

Кондолиза Райс дар идомаи сӯҳбатҳояш афзуд, ки вай фикр намекунад, ки дар қиболи Эрон бояд ҳатман аз нирӯ истифода кард. Хонум Райс гуфт: "Ин ба маъние нест, ки масъала дигар роҳи ҳалли сиёсӣ надорад. Бархе мегӯянд, дипломатия ноком шуд. Бояд гуфт, ки танҳо ин даври музокирот бенатиҷа анҷом ёфтааст. Аммо мо ба марҳалаи нави дипломатия ворид мешавем." Ба эътиқоди вазири хориҷаи Амрико, Теҳрон бояд нигарониҳои ҷомиаи байналмилалиро дар бораи фаъолиятҳои ҳастаияш ба инобат бигирад.
Латифи Латифӣ, Ню-Йорк
XS
SM
MD
LG