Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси парваришгоҳи Чорбоғ боздошт шудааст


Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҷараёни таҳқиқи қазияи оташсӯзии сохтмони парваришгоҳи кӯдакони маълули Чорбоғ, ки шаби 8 январ иттифоқ уфтода, 13 кӯдакро кушта ба ҷо гузошт, мудири ин парваришгоҳ Саидуллоҳ Ятимовро боздошт кардаанд. Додситони Душанбе Ҳабибуллоҳ Воҳидов ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки Саидуллоҳ Ятимов бо иттиҳоми бесмасъулиятие, ки мунҷар ба ҳалокати афрод шудааст, дастгир шудааст. Оқои Воҳидов гуфт, тафтишот бояд дар зарфи 10 рӯзи оянда айбномаи Ятимовро эълон кунад. Додситон афзуда, ки дар сурати дайн шудани ин иттиҳом мудири парваришгоҳ метавонад ба 5 сол ҳукми зиндон рӯбарӯ шавад.

Назорати ҷараёни таҳқиқи парвандаи оташсӯзии пурқурбонии парваришгоҳи Чорбоғро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов таҳти назорати бевоситаи худ гирифтааст. Рӯзи душанбе дар ҷаласаи изтирории давлаташ оқои Раҳмонов ба мақомоти интизомӣ барои анҷоми таҳқиқи ин қазия ҳамагӣ 10 рӯз фурсат дод.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG