Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане, ки атфоли ятими чеченро ба зери боли худ гирифтааст


Шояд исми Бирлант Касаева барои сокинони Тоҷикистон ноошно бошад, ва аммо аксар бошандагони Чеченистон ин занро ба хотири он эҳтиром мекунанд, ки дар солҳои ҷанги аввали чечен довталабона парастории чиҳил кӯдаки ятимро ба дӯши худ гирифтааст. Хонум Бирлант баъди марги ҳамсараш бо ду кӯдак танҳо мемонад ва дар русто дар харобаҳои як муассисаи давлатӣ ҳамаи кӯдакони ятими деҳаашро ҷамъ оварда як парастишгоҳи оилавӣ таъсис медиҳад. Баъди чанд сол ӯ бо ин кӯдакон ба пойтахт, шаҳри Грозний мекӯчад ва ин ҷо бо кӯмак ва пуштибонии созмонҳои имдодрасон ва ташкилоти хайрияи байналмилалӣ боз даҳҳо атфоли бесарпаноҳро ба парасторӣ қабул мекунад. Санет Магадаева, хабарнигори оҷонсии "Грозний-информ", воқеъ дар пойтахти Чеченистон гуфт, Бирлант Касаева барои ин кӯдакон мисли модар азиз аст:

"Хонум Бирлант ба ин кӯдакони ятим мисли модар аст. Баъзе бачаҳо ҳарчанд 17-18 сола бошанд ҳам, ҳеҷ майли тарк кардани ин парастишгоҳро надоранд. Ӯ ҳам касеро пеш намекунад, ӯ ба онҳо ҳамаҷониба кӯмак мекунад. Ба донишгоҳ дохил мекунонад, ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намуда мушкили ин кӯдаконро ҳал мекунад. Ӯ аллакай хеле маъруф шудааст, худи созмонҳои имдодрасон ӯро пайдо карда барояш кӯмак пешниҳод мекунанд. Бовар кунед, ин кӯдакон, дар шароитҳои хеле беҳтар аз атфоли деҳотӣ зиндагӣ мекунанд"

Санет Магадаева, хабарнигори оҷонсии "Грозний-информ" дар сӯҳбат бо "Ояндасоз" гуфт, вазъи кӯдакон дар парастишгоҳҳои Чеченистон ба маротиб беҳтар аз вазъи атфоли оилаҳои солим мебошад.

"Шароити кӯдакони парваришгоҳҳо хеле беҳтар аз шароити баъзе сокинони Грозний аст. Созмонҳои имдодрасон ин муассисаҳоро бо ғизову гармӣ таъмин мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳанӯз на дар кулли қаламрави Грозний лӯлаҳои оби ошомиданӣ барқарор шудаанд, ба ятимхонаҳо об бо мошин оварда мешавад"

Танҳо мушкиле, ки феълан дар баробари хонум Бирлант Касаева қарор дорад, ин аст, ки ӯ имкони ташкили мактаби миёнаро дар назди парастишгоҳи худ надорад ва кӯдакони ятим маҷбуранд ба мактаби ҳамсоя бираванд. Хабарнигор Санет Магадаева мегӯяд:

"То ҳанӯз ҳатто 10 дар сади мактабҳои мо барқарор нашудаанд. Он мактабҳое, ки фаъолият мекунанд, дар утоқҳои хурд ҷойгир шудаанд, масалан агар дар як синф 20 хонанда таҳсил кунад, ҳамаи онҳо дар утоқи 3 ба 5 метр ҷой дода мешаванд. Дар аксар ҳолатҳо, ин синфхонаҳо дар утоқҳои корхонаву муассисаҳои давлатӣ ҷойгир шудаанд. Воқеан ҳам шумори мактабҳои боқимонда хеле кам аст"

Феълан, дар қаламрави пойтахти Чеченистон ду ятимхона фаъолият мекунад, ва аммо онҳо на ҳама ниёзмандиҳои мардуми ин ҷумҳурии ҷангзадаро бароварда месозанд. Вазорати кор ва рушди иҷтимоии Чеченистон мегӯяд, феълан ин ҷумҳурӣ ба 10 парастишгоҳи нави ятимон ниёз дорад, чунки дар пайи даргириҳои тӯлонӣ дар ин ҷумҳурӣ, 25 ҳазор кӯдак нимаятим гаштаанд, яъне яке аз волидонашонро аз даст додаанд. Як ҳазору дусад кӯдак аз ҳар ду волидайнаш маҳрум шудааст ва 19 ҳазор кӯдак бар асари ҷанги дохилӣ якумрӣ маъюб шудаанд.

Хабарнигори Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ аз сарнавишти духтараке ёд мекунад, ки дар тули ҷанги аввал ва дуввуми Чеченистон падар ва модарашро аз даст додааст. Мадина Аҳмадоваи 15-сола шурӯъ аз соли 2001 дар парваришгоҳи Бирлант Касаева ба сар мебарад. Ҳоло ӯ хонандаи синфи ҳаштуми мактаби миёнаи рақамаи 33-и шаҳри Грозний аст. Ӯ мехоҳад, дар риштаи ҳуқуқи донишгоҳ таҳсил кунад ва дар оянда орзу дорад, муҳофизи ҳуқуқи ятимон шавад. Ба ин қарибӣ тавассути як барномаи телевизиони марказии Русия ду хоҳарзодааш аз шаҳри Астрахани Русия ба Мадина муроҷиат намуда хоҳони бо онҳо зиндагӣ кардани Мадина шудаанд. Духтарак мегӯяд, дархости хоҳарзодаҳояшро напазируфтааст, чунки мехоҳад таҳти сарпарастии хонум Бирлант, модари нави худ ба воя расад, ва зиндагии мустақилона омӯзад.

Фаъолияти парваришгоҳу ятимхонаҳои Чеченистон бештар бо роҳи хусусӣ ба роҳ монда шудаанд, чунки алъон ҳукумати ин ҷумҳурӣ тавони маблағгузориву кӯмак ба атфоли ятимро надорад. Аммо тавре худи мардуми чечен мегӯянд, азбаски расму суннатҳои онҳо ба хиёбон ва ё тарбияи муассисаи давлатӣ вогузор кардани кӯдаки ятимро қабул надоранд, аксаран ин атфол таҳти ғамхории хешовандону одмони накӯкор мегузаранд. Фотима, як зане, ки ду фарзандашро бепадар тарбия мекунад, гуфт, дар шароити ҷанг барои нахустин бор мардуми чечен бо мафҳуми ятимхонаҳои оилавӣ ошно гардиданд.
XS
SM
MD
LG