Пайвандҳои дастрасӣ

Нашр нашудани шумораи навбатии «Миллат»


Нашрияи мустақили «Миллат» баъд аз панҷ моҳи нашри муназзам барои нахустин бор имрӯз аз чоп набаромад ва иллати чоп нашудани онро масъулини нашрия фаннӣ арзёбӣ карданд. Адолати Мирзо, муассис ва сардабири ҳафтаномаи «Миллат» ба радиои Озодӣ гуфт, танҳо омили нашр нашудани ҳафтанома аз кор баромадани истгоҳи танзими барқ дар маҳалли чопхона мебошад. Сардабири нашрия хонандагони нашрияро мутмаин сохт, ки ҳафтаи оянда нашрияи мазкур ҳатман ба дасти онҳо хоҳад расид. Ҳафтаномаи мустақили «Миллат», ки аз моҳи сентабри соли 2005 нашр мешавад, яке аз рӯзномаҳое будааст, ки дар муддати кӯтоҳ таваҷҷӯҳи хонандагони зиёдро ба худ ҷалб кардааст. Мавзӯъоти аслии матолиби ҳафтаномаи «Миллат» сиёсат, иҷтимоъ ва фарҳанг аст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG