Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯдакон дар коми оташ


«Азия - Плюс» матлаби худро «Кӯдакон дар оташ» ном гузошта ва аз қавли сокинони хонаҳои ҳамсояи парваришгоҳ, ки аввалин шуда ба ёрӣ шитофтаанд, навиштааст, баровардани атфол аз бино пас аз фурӯ рафтани як қисми бом имконнопазир гашт ва 13 тифл ба ҳалокат расиданд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» навиштаашро «Қурбониёни арафаи иди Қурбон» номида ва дар саҳифаи аввали худ феҳраси атфоли нобудшударо чоп кардааст. Мувофиқи ин феҳрас, хурдтарини нобудшудаҳо ҳашт ва калонсолтарини онҳо 16 сол доштаанд.

«Зиндагӣ» гуфтаҳои яке аз мураббиёни парваришгоҳро овардааст, ки ӯ гуфтааст, мошинҳои оташнишон танҳо пас аз як соат ба маҳалли сӯхтор расидаанд, ки аллакай он 13 кӯдак ҷони худро аз даст дода буданд.

«Азия - Плюс» аз қавли сӯхторнишонҳо навиштааст, ки танҳо пас аз як соати сӯхтор ба онҳо занг зада шудааст. Ин нашрия навиштааст, раҳбарияти парваришгоҳ чандин бор барои вайрон кардани қавоиди ҷилавгирӣ аз оташсӯзӣ огоҳонида шуда будааст. Дар поёни матлаби «Азия - Плюс» ин ҳарфҳо буд, ки бар хилофи кишварҳои дигар дар Тоҷикистон рӯзи мотам эълон нашуд.

«Вечерний Душанбе» аз тасмими мақомоти пойтахт пас аз ин сӯхтор навиштааст, ки мувофиқи ин тасмими шаҳрдорӣ, муассасаҳои таълимӣ дар мавриди риояи қавоиди бехатарӣ санҷида хоҳад шуд.

Аз матолиби дигари шумораҳои ин ҳафта.

«Наҷот», нашрияи ҲНИТ, дар мавриди қазияи раиси ин ҳизб, Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо «Душанбеводоканал» матлабе чоп кардааст. Нависандаи ин матлаб, сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» навиштааст, агар ин қазия то додгоҳ бирасад, дар ҳар сурат, бурд - бурди раиси ҳизби наҳзат аст, зеро ӯро ҳама афроди ҷомеа дастгирӣ хоҳанд кард. Муаллиф суол додааст, ки маблағ барои таъмир ва таҷдиди низоми обрасонии Душанбе ҷудо шуд, мӯҳлати татбиқи лоиҳа анҷом расид вале чаро то имрӯз пойтахт бо оби тоза таъмин нест?

«Азия - Плюс» дар идомаи мушкилоти сокинони пойтахт матлабе дар бораи набуди нируи барқ дар хонаҳои сокинони Душанбе дар ин сардиҳои зимистон чоп кардааст. Дар навишта омадааст, ки хилофи ҳама ваъдаҳои мақомот имсол ҳам пойтахт ба коми сардиву торикиҳо фурӯ рафт. Нашрия лаби таҳайюр газидааст, ки оё он ҳама маболиғе, ки сармоягузорҳои хориҷӣ ба соҳаи барқи Тоҷикистон тахсис медиҳанд, ба куҷо меравад, ки вазъи ҳадди ақалл пойтахти Тоҷикистон ҳеҷ беҳ намешавад?

Шумораи нахустини ҳафтаномаи тозатаъсиси «Реклама ва Сервис» аз мушкили нақлиёт дар Душанбе навиштааст. Дар мақола омадааст, аз бозори «Саховат» то маҳаллаи «Водонасос»-и Душанбе рафтан мушкилтар ва дуртар аз он аст, ки аз фурӯдгоҳи «Домодедово» то ба «Шереметйево»-и Маскав биравӣ. Муаллифони матлаб сабаби аслиро дар афзоиши аҳолии Душанбе дидаанд. Танҳо дар соли нави хониш дар Душанбе теъдоди днишҷӯён дар қиёс бо соли гузашта беш аз даҳ ҳазор нафар зиёд шуда ва ҳоло дар макотиби олии пойтахт ҳудуди навад ҳазор донишҷӯ таҳсил мекардааст.

Ва як матлаби дигар аз «Азия - Плюс», ки онро хабарнигори махсуси ин ҳафтанома аз Кобул таҳия намудааст. Дар бораи сафари ҳунарии сарояндаи попи тоҷик, Манижа Давлатова ба Афғонистон, ки боиси гуфтугузорҳову вокунишҳое дар Афғонистон шудааст. Сафари Манижа ба ин кишвар чандин бор ба таъхир гузошта ва ахиран ба рӯзи чаҳордаҳуми январ таъин шудааст вале матлаби «Азия - Плюс» аз шоеъоте ҳарф мезанад, ки хилофи ин сафар шахсан худи Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз қумондонҳои маъруфи Афғонистон баромадаву барои амнияти Манижа Давлатова шахсан худи Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон супориш додааст. Баргузор шудан ва ё нашудани консертҳои Манижа дар Кобул ва Мазори Шариф қудрат ва ё адами қудрати ҳукумати Карзайро нишон хоҳад дод, хулоса кардааст матлаб.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG