Пайвандҳои дастрасӣ

Захмӣ шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар канисаи Маскав


Дар асари ҳамлаи як марди мусаллаҳ бо корд 8 намозгузори канисаи яҳудиён дар Маскав захмӣ шудаанд. Ин марди 20-сола, ки баъдан боздошт шуд, вақте вориди каниша мешавад, ки як ҷамъияти яҳудиён дар он намоз мегузориданд.Додситонии Маскав мегӯяд, нафарони захмишуда яке амрикоӣ, яке исроилӣ ва яке шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.

Калисои православии Русия ҳамла ба синагогаи шаҳри Маскавро маҳкум кард. Сафорати Исроил дар Русия дар бораи ин ҳодиса изҳори нигаронии амиқ кардааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, дар пайи маълум кардани ҳуввияти шаҳрванди дар канисаи Малая Бронная захмишудаи Тоҷикистон ҳаст. Ба гуфтаи мақомоти ин сафорат, ин нафар аз ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ буда, дар Русия ба сар мебарад, вале шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳифз кардааст.
XS
SM
MD
LG