Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Гапи нав"-ро шунидед?


НАШРИЯИ ТОҶИКОНИ СИБИР

Соли 2000-ум ба Александр муяссар шуд, бо падараш Файзиддин Сироҷов мулоқот кунад ва ҳам бо муҳоҷирони тоҷик шинос шавад. "Ман аз муносибати онҳо ба зиндагӣ, ба ҳамдигар, покдастӣ ва покдилии онҳо ба важд омадам", навиштааст вай, ки дере нагузашта, Абдусалим Сироҷов ном гирифт ва аз тоҷик буданаш фахр мекунад. Қиссаи Александр Каргини собиқ ва Абдусалим Сироҷови навзуҳурро нашрияи тоҷикони Сибир бо номи "Гапи нав" чоп кардааст. Барномаи имрӯзаро аз гуфтугӯе бо бунёдгузор ва сардабири ин нашрия Абдусаломи Одиназода шурӯъ мекунем.
Аз мавҷудияти нашрияи "Гапи нав" замоне огоҳ шудем, ки кормандони он Баҳриддини Абдураҳимзода ва Мерганшоҳ Ёдгоров бо мо тамос гирифтанд ва шумораи охирини нашрияро ба мо фиристоданд. Дар ин шумора достони ҷавоне нашр шудааст, ки дар семоҳагияш падару модараш аз ҳам ҷудо шудаанд. Ва дар ҳамин шумора сӯҳбате бо устоди Донишгоҳи бозаргонии Новосибирск Илҳоми Меъроҷ, гузорише ба нақл аз саҳифаи интернетии мо ва шеърҳои шоираи тоҷик Шаҳноз низ чоп шудаанд. Ин шумораи аввали имсола ва куллан шумораи даҳуми нашрия будааст. Аз бунёдгузор ва сардабири нашрия, Абдусаломи Одиназода, пурсидам, чӣ тавр ба фикри таъсиси чунин рӯзнома афтодааст ва харҷи онро аз куҷо меёбад ва оё умедвор аст, ки рӯзе Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дасти имдод ба ин нашрия дароз мекунад, то муҳоҷирони тоҷик ва фарзандони онҳо аз забону фарҳанги миллии худ дур наафтанд?
Агар ин мусоҳибаро шунидан мехоҳед, рамзи радиочаро дар охири сарлавҳа "клик" кунед.

СОЛИ 2006

Соли 2006 оё чӣ соле хоҳад шуд. Кӣ аз он чӣ интизориҳо дорад. Ин саволҳо дар гӯшаи Майдони баҳси саҳифаи интернетии мо ҷавобҳои гуногунеро ба бор оварданд. Бисёриҳо навиштаанд, ки соли 2006 соли интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон аст ва орзу кардаанд, интихобот ба таври демократӣ, озоду одилона ва шаффоф ҷараён гирад, бе тақаллуб ва кашмакашу дилозориҳо.
Абдули Шарифӣ аз Қоҳира соли 2006-ро соли хушбахтӣ ва нур номида, орзу кардааст, хонаи мардум бо нирӯи барқ гарм ва чароғон бошад. Ҷамшед онро соли оғози коҳиши муҳоҷирати тоҷикон унвон кардааст ва Ҷовидон соли рушди футболи тоҷик. Юсуфи Қубодиёнӣ мегӯяд, соли 2006 бояд соли ҳамбастагии форсизабонон шавад ва Иршоди Интиқод бо ишора ба саоли тамаддуни ориёӣ, 2006-ро соли шинохти арзишҳои воқеъӣ ва асолати миллӣ. Дар ҳоле ки Анвар Сангинов, донишҷӯи соли аввали факултаи забони хитойии Донишкадаи забономӯзӣ орзу дорад, имсол ба Чин сафар кунад, Умеди Мирзо аз шаҳри Душанбе мехоҳад, бо лоларухи сарвқади турфанигоре издивоҷ намояд. Соҳибёри Толиб 2006-ро соли нашри дафтари шеъраш ва соли камоли ҷавонони тоҷик меномаду Каюмарси Ато онро соли таъсиси Иттҳиоди ҷавонони худшинос. Ва Нигина бо тамоми самимият менависад, бигзор ин сол соли муҳаббати ӯ ва шахси дӯстдоштааш бо номи Исматулло бошад, ки дур аз ӯ, дар Душанбе таҳсили илм мекунад.
Ташаккур ба ҳамаи онҳое ки суханони дили худро ба мо навиштанд ва дуо мекунем, ҳар орзуе доранд, ҷомаи амал бипӯшаду ҳамаи онҳо ба муроди худ бирасанд.

ТОҶИКИСТОН 2006

Мардум дар Тоҷикистон орзуҳои зиёди яке аз дигаре зеботар доранд ва ба думболи ҳар ҷумлаи худ менависанд, ки барои ба амал пайвастани ин орзуҳо пеш аз ҳама дар кишвар бояд сулҳу амнияту суботу тафоҳум мавҷуд бошад. Оё коршиносон ва афроди саршиноси Тоҷикистон соли 2006-ро чигуна тасаввур мекунанд. Инро аз ҳамнафаси худ дар Душанбе, Раҳматкарими Давлат мешунавед боз ҳам бо пахши рамзи радиочаи сабз.
Соли 2006 идомаи 2005 аст, ки он дар навбати худ давоми 2004.
Оё шаҳрвандони оддии Тоҷикистон ба фаъолиятҳои ҳукумат дар солҳои гузашта чи баҳо медиҳанд? Оё метавон аз рӯи ин баҳо ба дурнамои ин фаъолиятҳо нигоҳ кард.
Бо ҳамнафаси дигари худ дар Душанбе, Нилуфари Собир машварат кардем, ба раҳгузарони хиёбони марказӣ пешниҳод кунем, ки аз рӯйи ҷадвали панҷбаллӣ ба кори ҳукумати худ баҳо диҳанд. Агар натиҷаҳоро шунидан мехоҳед -- рамзи радиоча.

Вобаста

XS
SM
MD
LG