Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми савганди президент Назарбоев


Таҳти оҳанги суруди миллии Қазоқистон ва бо такрори матни ошнои савганди президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев давраи нави раёсати ин ҷумҳуриро оғоз кард. Вай даст ба рӯи сарқонуни кишвараш гуфт, ки ба халқи Қазоқистон содиқона хидмат ва иҷрои қонунҳову ҳуқуқи шаҳрвандонро таъмин хоҳад кард. Вай гуфт, барои солҳои оянда ду вазифаи муҳим дорад, ки яке вуруди кишвараш ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва дигар раёсати Қазоқистон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупост. Назарбоев изҳор кард, ки орзуи деринаи вай ба қатори 50 кишвари пешрафтаи дунё шомил кардани Қазоқистон дар 10 соли ояндааст. Дар маросими савганди Назарбоев намояндагони наздик ба 70 кишвар ширкат доштанд. Дар ин байн дирӯз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Нурсултон Назарбоев баргузор гардид.
Ин давраи дуюм ва тибқи қонун ниҳоии 7-солаи президентии Назарбоев мебошад, ки дар маҷмӯъ беш аз 17 сол боз раҳбари Қазоқистон аст.
Насибҷони Амонӣ
XS
SM
MD
LG