Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурғҳои туркиро аз дуконҳо берун андохтанд


Ин марказ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки феълан дар Туркия ба сар мебаранд, тавсия кардааст, ки аз истеъмоли гӯшти мурғ парҳез кунанд. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини раиси Марказ вогиршиносӣ мегӯяд, бар асари вабои зукоми мурғ дар Туркия чанд тан аз шаҳрвандони ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Ӯ афзуд, бо дастури вазоратҳои кишварзӣ ва беҳдошти Тоҷикистон дар бозору мағозаҳои кишвар фурӯши гӯшти мурғи аз Туркия воридшуда мамнуъ эълон шудааст.
Ба иттилоъи Маркази байтории вазорати кишварзии Тоҷикистон, шурӯъ аз моҳи ноябри соли гузашта воридоти гӯшти мурғ аз Русия, Чин, Қазоқистон ва Руминия низ манъ шудааст. Масъули ин Марказ Амирбек Муллоҷонов мегӯяд, айни ҳол танҳо Иёлоти муттаҳида, Канада, Ирон ва Бразилия иҷозаи ворид кардани гӯшт ва тухми мурғ ба Тоҷикистонро доранду халос.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини раиси Маркази вогиршиносии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҷиҳати пешгирӣ аз зукоми мурғ дар Тоҷикистон як дастури вижаи марказ интишор хоҳад ёфт:

Рӯзҳои наздик аз тарафи сардухтури давлатии беҳдоштии Тоҷикистон дастуре ба имзо мерасад ва дар он кишварҳое, ки зукоми мурғ ошкор шудааст, номнавис мешаванд ва миёни он кишварҳо, аз ҷумла, Туркия низ ҳаст.

Маркази вогиршиносии Тоҷикистон аз масъулони фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва вазорати нақлиёти кишвар тақозо кардааст, то дар ҷилавгирӣ аз воридоти гӯшти мурғ аз Туркия саҳм бигиранд.
XS
SM
MD
LG