Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷиён бармегарданд


Мадади ҳоҷиёни тоҷик ба зилзилазадгони Покистон Зиёда аз 3500 шаҳрванди Тоҷикистон бо иҷрои фаризаи ҳаҷ ба унвони ҳоҷӣ мушарраф гашта, аз 15-уми январи соли равон бозгашти онҳо ба ватан шурӯъ мешавад. Бозгаште бо таассуроти пурнур аз сафари ҳаҷ ва обгинаҳо бо оби Замзам.

Намояндаи Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи онҳо сиҳату саломатанд ва ягон ҳодисаи нохуш дар ҷараёни ҳаҷ дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ба мушоҳида нарасидааст. Дар ҳоле ки барои наздик ба 3 ҳазор ҳоҷӣ бозгашт ба Русия ба воситаи манотиқи аз зукоми мурғ сироятдидаи Туркия суолҳову гумонҳоро ба миён овардааст, ҳамаи ҳоҷиёни тоҷик ба воситаи ҳавопаймо аз Ҷидда ба Душанбе ва Хуҷанд интиқол дода хоҳанд шуд.
Ҳоҷиёни тоҷик якҷо бо ҳуҷҷоҷи дигар аз сартосари ҷаҳон мол қурбонӣ карданд ва аз миллионҳо гову гӯсфанду шутур, ки дар Иди қурбон дар Арабистони Саъудӣ забҳ гардид, ба мардуми аз зилзила зарардидаи Покистон кӯмак фиристода шуд.
XS
SM
MD
LG