Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатораи нахустин аз Кӯлоб ба Маскав рафт


Шоми чаҳоршанбе қатораи мусофирбари хатти сайри Кӯлоб - Маскав бо беш аз 500 нафар мусофир ба сӯи пойтахти Русия ҳаракат кард. Баъд аз зуҳри рӯзи 11 январ ҷиҳати гусели қатораи нахустини ин хатти сайр дар истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб маросими бошӯкӯҳ баргузор шуд, ки дар он сокинони минтақа, раиси вилояти Хатлон, мири шаҳри Кӯлоб ва роҳбарони муассисаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ширкат доштанд. Амонулло Ҳукумов, раиси роҳи оҳани Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт:

Мо ба ваъдаамон вафо кардем ва ҳамаи мо шоҳидем, ки имрӯз бегоҳ соати 21-37 дақиқа қатора аз Кӯлоб ба самти Маскав ҳаракат мекунад. Ин орзуи деринаи мардуми Хатлон буд, мардум мехост як вилояти Тоҷикистон мустақим ба пойтахти Русия пайваст шавад аз тариқи қатора. Роҳ кушода бошад, роҳи тиҷорату ҳамкорӣ. Боз шудани қатораи хатти сайри Кӯлоб - Маскав тӯҳфаи мақомоти роҳи оҳани кишвар ба ҷашнҳои 2700 шаҳри Кӯлоб, 15 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва соли тамаддуни Ориёӣ мебошад.

Оғои Ҳукумов афзуд, муассисаи давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тасмим дорад моҳҳои оянда қатораи дуввумро дар ин хати сайр ба ҳаракат дарорад. Ӯ гуфт, феълан қатораи мазкур бар пояи созиши миёни роҳбарони роҳҳои оҳани Тоҷикистон ва Русия ҳафта як бор аз Кӯлоб сӯи Маскав ҳаракат мекунад.
Қатораи нахустини хатти сайри ҷадид аз 18 вагон иборат буда, арзиши чиптаҳои он 30 дарсад аз нархи аслӣ поин фурухта шуд.
Тибқи иттилои муассисаи давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" чиптаҳои ин хатти сайр аз 320 то 410 сомонӣ - муодили 100 то 130 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Фурӯши чиптаҳо 45 рӯз қабл аз рӯзи ҳаракати қатора оғоз мешавад.
Феълан аз Тоҷикистон ба Русия ҳафтае 6 қатора , ду қатора аз Душанбе ва як қатора аз Кӯлоб ба Маскав, як қатора аз Душанбе ба Астрахан, як қатораи дигар аз Кӯлоб ба Астрахан ва ҳамчунин қатораи хатти сайри Хуҷанд - Саратов ҳаракат мекунад.
XS
SM
MD
LG