Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Ғаффор Мирзоев мавқуф гузошта шуд


Мурофиаи додгоҳии Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон то аввалҳои ҳафтаи оянда мавқуф гузошта шуд.
Ин мурофиаи пур сару садо рӯзи 11 январ дар боздоштгоҳи вазорати амнияти кишвар пушти дарҳои баста оғоз шуд. Ғаффор Мирзоев ҳафтае қабл бо нашри як баёния аз мақомот дархост карда буд,ки муҳокимаи парвандаи ӯ дар додгоҳ ошкор сурат бигирад. Аммо додгоҳ ин дархостро бо далели махфӣ будани бархе аз санадҳои парванда рад кард.
Тибқи иттиллои манобеи Додгоҳи Олӣ, дар ҷаласаи аввали мурофиа, ки таҳти раёсати додрас Зафар Азизов сурат гирифт, 15 тан аз ҷонибдорони боздоштшудаи ӯ , вакилони мудофеъ ва намояндаи додситонӣ ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ ширкат кардаанд.
Қаюм Юсуфов - яке аз вакилони мудофеи Ғаффор Мирзоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ибтидои мурофиа додрас шахсияти муттаҳаминро мушаххас кард ва сипас пораҳое аз хулосаи қаблии додгоҳро дар заминаи маводи тафтишот қироат кард. Ва аммо ба иллати пеш омадани бархе аз мушкилоти фаннӣ мурофиа то оғози ҳафтаи оянда мавқуф гузошта шуд.
Қаюм Юсуфов афзуд, генерал Абдувалӣ Бегматов ва сарҳанг Собирҷон Усмонов - муовинони собиқи Ғаффор Мирзоев айёми фармондеҳии ӯ дар Горди раёсати ҷумҳурии кишвар низ дар чанд ҷиноят гумонбар дониста шудаанд.
Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2004 аз сӯи мақомоти амниятии кишвар боздошт шуда ва додситонӣ ба ӯро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти молиёт, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, паҳн кардани варақаҳои зиддидавлатӣ айбдор кард.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG