Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саволи Шумо ба Муҳаммадҷон Шакурӣ


Салом Устоди арҷманд!
Сипоси бекарон барои хомаву номаҳои Шумо, ки теғу сипари забону фарҳанги тоҷикӣ ҳастанд.
Солҳост, ки орзуи дидор ва нишастан дар сӯҳбати Шуморо дар дил мепарварам. Аз радиои Озодӣ сипосгузорам, ки ин фурсати муносибро барои ташнагони панди падаронаи Шумо фароҳам овардааст.
Камина дар бораи дигар кардани номи шаҳри Қӯрғонтеппа пешниҳоде дорам, ки мехостам пешкаши Шумо гардонам.
Агар рӯзе раҳбарони Тоҷикистон бо ройзанӣ бо фарҳангиёни кишвар дар бораи дигар кардани номи шаҳр тасмим гиранд, хоҳишмандам ин пешниҳодро низ баррасӣ кунанд.
Аз дидгоҳи камина, номи шаҳр бояд Хуталканд (Khutalkand) гузошта шавад, чунки ин шаҳр ҳамакнун маркази вилояти Хатлон аст, ки пештар Хутал ва Хуталонаш ҳам меномиданд. "Канд" (kand, на qand) вожаи суғдист ва ба маънои ободиву шаҳри имрӯзист.
Банда бар ин бовар аст, ки дар гузиниши номи нав барои ҳар шаҳру рустову деҳе пеш аз ҳама эҳёи номи пешина ва бостонии ин маконҳо ё маконҳои наздик ба онҳо бо пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд дар назар гирифта шавад.
Аз ин рӯ, азбаски дар саддаҳои миёна дар 10-километрии ғарби шаҳри имрӯза рустое ба номи Ловаканд (Леваканд ё Лавоканд) мавҷуд будааст, метавон натиҷа гирифт, ки вожаи "канд" барои ин минтақа бегона нест ва метавон онро дар номгузории манотиқи маскунии на танҳо Хатлон, ки дигар вилоёти кишвар низ ба кор бурд.

Бо камоли эҳтиром Умед Ҷайҳонӣ аз Маскав

Салом кормандони радиои Озодӣ ва салом ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ!
Ба назари ман, забони тоҷикӣ(форсӣ) аз замоне ки тозиён бар мо чира гаштанд, хосияти зотии худро аз даст дода ва забонест, ки бар асоси қавоиди арабӣ бунёд шудааст (Ин бештар дар Эрон дида мешавад). Забон аз миёни мардумон ба вуҷуд меояд ва баъд барояш дастур дар назар мегиранд. Аммо забони форсӣ асосан дарборӣ буда, ҳамаи бузургони адабиёт ба форсии дур аз мардум асар навиштаанд.
Дар Эрон, агарчи 80 дарсади вожаҳои форсиро калимаҳои арабӣ ташкил медиҳанд, аз раванди дурии забон аз мардум то ҳадде пешгирӣ ба амал меояд. Вале дар Тоҷикистон вазъ бадтар шудааст. Мардум, дарбор ва адибон -- ҳар кадоме ба забони ҷудогона сухан мегӯяд. Дарбор бо забони русӣ, адибон бо забоне нофаҳмо ва пур аз вожаҳои арабӣ ва мардуми бечора ҳам ки бо забоне шикаста ва баъзан гӯшхарош гап мезананд. Корбасти вожаҳо, монанди итайёра ба ҷои ҳавопаймо, сомеин ба ҷои шунавандагон ва ҳамин тавр истифодаи калимаҳои кӯак, оғо ва хонум забонро тоҷикӣ не, балки ошуфтатару беҳувияттар мегардонанд. Ман бо ноумедӣ забони форсӣ (тоҷикӣ)-ро забони дар ҳоли марг фикр мекунам ва намедонам, гуноҳи кист.
Суоли дигари ман ин аст, ки, устод, ба назари шумо, беҳтар нест номи шаҳри Қӯрғонтеппа дигар карда шавад, вале ин ном бояд аз дили халқ берун омада бошад, на ин ки ҳукумат онро таъин кунад, чунки ҳукумат боз номҳои хастакунандаи Сомонӣ, Носири Хусрав, Ҳамадонӣ, Хуросон...ро мемонад.
Бо сипос
Рустам, донишҷӯ аз Эрон.


Салом Устоди арҷманд!
Сипоси бекарон барои ҷонафшонии Шумо дар роҳи пойдории забону фарҳанги тоҷикӣ.
Лутфан бифармоед, ки оё ҳукумати Тоҷикистон кори дуруст мекунад, ки номи шаҳру ноҳияву рустоҳои кишварро дигар мекунад?
Баргардондани номҳои бостонӣ ба манотиқи кишвар бегумон кори дуруст аст, вале ҳамзамон Кофурниҳони тоҷикиро Ваҳдати арабӣ ва Дарбанди таърихиро Нурободи худсохта кардан магар дуруст аст?
Ҳамчунин донистан мехоҳам, ки оё метавон аз рӯи фарҳанги номгузории тоҷикӣ номи минтақаеро "ноҳияи ба номи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ" ва монанди ин гузошт?
Бо камоли эҳтиром, Умед аз Маскав

Салом!
Рӯзи пеш суоле аз шумо карда будам, ки роҷеъ ба осебшиносии фарҳангӣ ва идеологии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан тоҷикон буд. Ва чун манбаъе надоштем, лизо аз шумо дархости кӯмак кардем, ки агар ҳам манбаъе дорем, ҳамон китоби "Тоҷикон дар қарни 20" аст. Аммо намедонам нома ба шумо расид ё на. Агар ин нома ба шумо расад, лутфан ба ман эълом кунед. Дар зимн он ҷо аз олими арҷмандамон оқои Муҳаммадҷони Шакурӣ суол шуда буд ва ҳамчунин хоста будам, агар имкон буд, шумораи телефони эшонро ба мо лутф кунед, то худамон занг зада, суол кунем. Банда ҳам Сайфуллоҳ Зуфаров ҳастам аз Тоҷикистон ва аз муҳассилони Қуми кишвари Эрон. Худо ҳофиз.

Мӯҳтарам ҷаноби Шакурӣ!
Дар Тоҷикистон ҳоло ҳам бо иттиҳодияи нависандагон фахр мекунанд, дар ҳоле ки онро дар вақташ коммунистҳо барои дар хидмати худ нигаҳ доштани адибон ташкил карда буданд. Имрӯз, ба фикри шумо, оё ин гуна ташкилот барои адабиёт ва фарҳанги мо даркор аст? Махсусан вақте ки имрӯз ба он асосан одамони нолоиқро қабул мекунанд.
Бо эҳтиром
Соро Ҳумоюнӣ

Кай аз забон ба амал мегузарем?
Ошиқ


Саломи бепоён ба устод Шакурӣ, ин шаҳсутуни кохи тамаддуни миллати азизам!
Салом мефиристам ба ин фарзонамард, ки бо пеши назар овардани симои азизи ӯ ёди ниёгони шукӯҳмандам дар хотирам зинда мешавад ва дар вуҷудам эҳсоси ифтихор ва шукӯҳмандӣ мекунам.
Пурсишҳои ман:
1. Оё вақти он нарасидааст, ки мо порсигӯён сари номи ягона барои забони ширин ва гувороямон ба мувофиқа расем? Манзурам ин ки ё форсӣ, ё дарӣ ё тоҷикӣ.
2. Аз дидгоҳи ман рӯй овардани Тоҷикистон ба расмулхати арабиасоси форсӣ ҳувияти моро нирӯ хоҳад дод ва ин ифтихор бори дигар насиби мо шавад, ки то ворисони асили фарҳангу тамаддуни Осиёи Миёна бошем. Мехостам, назари шуморо ба ин масъала бидонам.
3. Ба назари шумо, кадоме аз гӯишҳои форсӣ -- форсии Эрон, Тоҷикистон ё Афғонистон метавонад, дар омӯзиши ин забон меъёр дониста шавад?
Муҳаммадвафо аз Исломобод

Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад,
Дидаам аз равзани девори зиндони шумо. (Иқболи Лоҳурӣ)

Салом ба донишманди маъруф, устод Шакурӣ!
Яке аз мубрамтарин мушкилоти дигар дар Тоҷикистон гузаштан аз номҳои хонаводагии русӣ ба тоҷикист. Аммо то ба ҳол дар доираҳои ҳукумат ва мақомоти масъул ба ин бархӯрде нест. Ҳатто пешниҳоди кумитаи истилоҳот ("номи хонаводагӣ" ба ҷойи "насаб") бетағйир аст. Назари шумо чист. Бори дигар мехостам дар мавриди тағйири алифбо (ва гунаҳкорсозии устод Айнӣ дар ин замина) ба ин масъала рӯшанӣ андозед.
Иршод Сулаймонӣ


Ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ман чунин савол дорам:
Ман хеле дертар фаҳмидам, ки устод писари қозикалон ва яке аз уламои бузурги пеш аз инқилоби Садри Зиё ҳастанд, ки зикрашон дар "Ёддоштҳо"-и Айнӣ рафтааст. Мо насли навин аз қисмати пас аз инқилобии ин марди бузург огоҳ нестем. Шояд устод чизе дар ин бора навишта бошанд, вале то ба ҳол дастраси мо нагаштааст. Ба гуфтаи бархе сохибназарон Садри Зиё солҳои охири умри худро дар зиндонҳои шӯравӣ пушти сар кардааст. Ба ҳар ҳол маълумоти пурраро мехоҳам аз забони устод бишнавам.
Қаблан сипосгузорам.
Мӯъмин


Муҳаммадҷон Шакурии гиромӣ,
Бо дуруд!
Аз Шумо чанд пурсиш ва дархостҳо дорам:
- Нахуст мутаасифам бигӯям, ки осор ва меҳнати Шумо берун аз доираи олимон, чандин ҳаммеҳанон ва пажӯҳишгарони дигар шӯҳрат надорад. Манзурам, ҷавонони ба воя расида истодаи Тоҷикистон аст, ки саргарми омӯзиши забонҳои бегона ва пайрави музахрафот ҳастанд. Лутфан бигӯед, ки чӣ бояд кард, то ин ҷавонон панди пирони хирадро гӯш кунанд?
-Доираи пажӯҳиш ва фаъолияти Шумо маҳдуд ба Тоҷикистон ва Ирони имрӯза нест, он Афғонистон ва дигар кишварҳоро низ фаро мегирад. Пас чаро нашавад, ки танҳо ба умеди як рӯз аз "хоби гарон" хестани мардуми Тоҷикистон нашуда, барои эҳёи хати ниёкон ва зинда кардани ҳуввияти миллӣ аз имкониятҳои ҳамзабонон ва пажӯҳишгарони ҷаҳонӣ истифода накунем?
- Аз вайрон шудани ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикони Самарқанду Бухоро чандин бор таъкидҳо кардаед, вале он ҳамвора поймол мешаванд ва мардуми порсигӯи он ҷо бо зӯргӯиҳо беҳуввият мегарданд. Ба андешаи Шумо магар замоне фаро нарасидааст, ки бо кӯмак ва дастгирии созмонҳои ҳуқуқҳимоякунандагони ҷахон ин падидаи манфурро низ дар Узбакистон ифшо ва решакан намоем?
- Дар яке аз асарҳои худ мушкилоти умдаи забонро дар Тоҷикистон "тарҷумазадагӣ" медонед. Пас маълум мешавад, ки бо ин роҳ на танҳо забон, балки боз афкори мардум низ истисмор шудааст. Аммо мардуми то андозае огоҳ аз таърихи забон ҳеҷ наметавонанд, монандӣ ва фарқияти забони арабӣ ва хати форсиро дуруст дарк кунанд. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки ин гуна норӯшаноиҳоро рӯшан кунем, Шумо дар ин маврид истифодаи кадом роҳҳоро афзалтар медонед?
- Мушкилоти дигари навомӯзони хати ниёкон ин бо чанд шакл навишта шудани ҳарфҳое монанди "т", "с", "х" ва "з" ҳастанд. Оё намешавад, ки ин гуна мушкилотро бо роҳхи умуман истифода набурдани гуногуншаклӣ ва берун сохтани ҳарфҳои хоси арабӣ осон кунем, чун хушбахтона дар таркиби луғавии забон дар Тоҷикистон вожаҳои арабӣ кам ҳастанд ва зарурат ба олуда кардани алифбо нест.
Акнун дархостҳои ман ин аст, ки пеш аз ҳама бо мо "Иттиҳодияи Ҷавонони Худшинос" ҳамкорӣ намоянд. Ин гуна ҳамкорӣ метавонад, барои баландтар бардоштани худшиносии миллӣ ва ва эҳёи фарҳанг бо чунин роҳҳо хизмат кунад:
- Кушодани саҳифаи интернетии "Фарҳанги Забони Тоҷикӣ" барои ҳарчӣ бештар мавриди истифода қарор гирифтани он.
- Таъсис додани марказҳои омӯзиши хати ниёкон.
Чанд роҳҳои дигареро низ пайгирем, ки дар иртибот бо бузургдошти соли тамаддуни (шахриёрии) Ориёӣ аст ва онҳоро дар тамосҳои минбаъда ба Шумо мегӯем.
Бо эҳтиром,
Дилшод


Аввалан устод салом!
Ман ихлосманди шумо ва саволи ман чунин аст: Оё соли тамаддуни ориёӣ барои мардуми тоҷик манфиате дорад ва чӣ гуна?
Каюмарси Ато

Ман савол надорам, фақат гуфтаниям, ки агар то поёни умри худ ба эҳёи алифбои ниёгон муваффақ шавед, арзандаи сарбаландии пеши Худо ва гузаштагонатон хоҳед шуд, ки олимони дин будаанд. Ман ба шумо эҳтироми бисёр самимӣ дорам ва орзу дорам, ки боре бо шумо мулоқот кунам.
Аҳмад

Салом устод!
Ман дар Олмон аз се сол забони тоҷикиро меомӯзам. Ду бор дар Тоҷикистон барои чанд моҳ будам. Ман бисёр тааҷҷуб кардам, ки донишҷӯёну донишмандон забони тоҷикии тозаро (бе калимахои русӣ) ё комилан балад нестанд. Шумо кадом сабаб барои ин ҳол мебинед ва шумо дар бораи ояндаи забони тоҷикии тоза чӣ фикр мекунед?
Бо эҳтироми калон.
Аннетт аз Олмон шаҳри Бамберг


Устоди мӯҳтарам:
Возеҳ аст, ки донистани алифбои ниёгон барои ҳама як дари хазинаи бебаҳои гузаштаҳои моро боз мекунад. Аммо баробари ин, бозгашт ба ин алифбо ҳамроҳи худ шояд баъзе мушкилотеро оварад, ки ҳалли онҳо пурра пешбинӣ нашудааст.

Савол: оё бозгашт ба алифбои ниёгон сабаби бесавод ё худ бебаҳра мондани насли ояндаи тоҷикон аз фарҳанги тақрибан ҳафтодсолаи даврони шӯравӣ намешавад?
Бо эҳтироми бепоён
Нозир, Портланд, Амрико



Дуруд ба шоҳсутуни фарҳанги миллии тоҷик!
Имрӯзҳо бо ибтикори ниҳодҳои гуногун чорабиниҳои зиёд баргузор мегарданд ва маъмулан мавзӯоташон ба фарҳанги миллӣ ва худшиносӣ иртиботе надоранд. Маълум мешавад, ки барои эшон ин масоил муҳим нестанд. Маҳз ин чорабиниҳо барои ҷавонон ҷолибанд. Зеро аввалан усули баргузории ин чорабиниҳо қобили қабул аст ва сониян барои мо мавзӯъҳояшон падидаи наванд.
Суол ин аст:
Оё Мухаммадҷон Шакурӣ гуфта метавонанд, ки дар раванди бархӯрди тамаддунҳо миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ зинда хоҳад монд?
Далер



Салом кормандони Радиои Озодӣ ва салом ба Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ. Саволи ман ин аст, ки китоби "Фарҳанги забони тоҷикӣ", ки аз қарори маълум бояд аввалҳои имсол дар Теҳрон чоп шавад, чоп шуда ба бозор баромадааст ё не? Чунки мо мехоҳем, онро бихарем.
Муҳаммад аз Теҳрон.

Устоди мӯҳтарам, мехостам дар робита ба баргузории Соли тамаддуни ориёӣ дар Тоҷикистон суол кунам.
Аввало, баргузории ин маърака ба Тоҷикистон чӣ манфиатҳо хоҳад дошт? Дигар ин ки, оё Тоҷикистони харобу фақиргашта, ки олимону донишмандонаш сарлучу пойлуч ва аксаран аз ин кишвар гурезонанд, тавонои онро дорад, ки "тамаддуни ориёи"-ро дуруст муаррифӣ кунад ва худро мавриди мазҳака қарор надиҳад?
Бо эҳтиром, Сиёвуш

Сараввал ташаккур ба кормандони родиёи "Озодӣ", ки ин майдонро ба кулли хонандагонаш боз кардааст. Зинда бошед!
Саволҳои ман ба устод Шакурӣ чунин аст:
1. Оё метавон даъво кард, ки забони тоҷикӣ аз забони порсӣ батамом ҷудо аст?
2. Сабаби асосии ба хатти лотинӣ гузаштани миллат дар чӣ буд?
3. Ба фикри Шумо чаро дар кишвар вазъи забондонӣ дар пояи паст қарор дорад?
Рустам

Шумо доим аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳимоят мекунед ва дар ҳамин мусоҳибаи ахири хеш ҳам бо эҳтироми зиёд аз Раҳмонов ном бурдаед. Ба назари шумо, оё аҳли зиё набояд ҳамеша виҷдони халқ бошанд ва ҳалқро ҳимоя кунанд, на омирону амиронро? Ташаккур.
Ашӯр Назарзода

Саволҳои ман:
-- Чаро банди Қонуни забони давлатии Тоҷикистон дар бораи бозгашт ба алифбои ниёкон ҳазф шуд?
-- Дар заминаи посдории фарҳанги тоҷикӣ донишмандорн чӣ корҳое мекунанд?
-- Бузургони фарҳанги мо, монанди Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Абӯалии Сино, худи шоҳони Сомонӣ аз мағзи дини ислом бархостаанд. Ба назари Шумо, оё фарҳанги тоҷик ҷудо аз дин аст?
Ҷамшед
XS
SM
MD
LG