Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони сиёсӣ дар Украина


Виктор Юшенко гуфт, ки баъди инҳилоли ҳукумат аз сӯи Верховная Рада ҷумҳурӣ ба бӯҳрони сиёсӣ мувоҷеҳ гардид ва аз ин рӯ ӯ истеъфои парламентро аз эҳтимол дур намедонад.
Рӯзи гузашта парламенти Украина ба ҳукумати кишвар изҳори нобоварӣ кард. Аз нигоҳи вакилон, созишномаи ҷадид бо Русия оид ба газ мухолифи манфиатҳои миллии Украина аст. Дар баррасии ин мавзӯъи доғ дар парламент вазири хориҷа Борис Тарасюк, вазири енерҷӣ Иван Плачков ва роҳбари ширкати давлатии "Нафтогаз- Украина" Олексей Ивченко ширкат надоштанд.
Сарвазир Юрий Ехануров талош кард вакилонро мутмаин созад, ки созишномаи нав бо Русия - тақозои вақт аст ва қимате, ки гази Русия харидорӣ мешавад, барои иқтисоди Украина миёншикан нест. Ҳамзамон ӯ бархе аз гурӯҳҳои сиёсиро дар моҷароҷӯӣ ва бо ҳадафҳои сиёсӣ истифода кардани проблемаи газ муттаҳам кард ва гуфт:

Мушкилоти газ таваҷҷуҳи ҷомеъаро он қадар ҷалб кардааст, ки ҳатто афроди аз ҷиҳати касбӣ тавони фаҳмиши сангинӣ ва бузургии миқёси мушкилоти энерҷиро надошта ба ташреҳи ин мушкилот пардохтанд ва баъзе аз ташреҳҳои чеҳраҳои шинохтаи Украина ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар зиёни бузург овард.

Тибқи созише, ки рӯзи чаҳоруми январ миёни ширкати давлатии "Нафтогаз-Украина", ширкати Газпроми Русия ва як ширкати миёнарави швейсарӣ ҳосил шуд, соли равон Украина аз Русия бо қиммати 95 доллар барои ҳазор метри мукааб 34 миллиард метри мукааб газ харидорӣ мекунад. Қаблан Газпром талаб мекард, ки Украина барои ҳазор метри мукааб газ 230 доллар пардохт кунад. Ҳамзамон бояд қиммати интиқоли гази Руссия ба Аврупои Ғарбӣ аз қаламрави Украина низ боло мерафт.
Ва аммо мухолифини ҳукумат, аз ҷумла, сарвазири собиқ Юлия Тимошенко мегӯянд, созиши ҳосилшуда фақат барои шаш моҳ аст ва баъди ним сол мушкили қимати газ дубора ба миён хоҳад омад. Аз сӯи дигар, мухолифин ҳукуматро барои он сарзаниш мекунанд, ки ба ҳайси миёнарав ширкати швейсарии РосУкрЭнерго - ширкати, тибқи баъзе хабарҳо, таъсискардаи Газпромро интихоб кардааст.
Мунаққидони Юрий Ехануров мегӯянд, ҳукумат бояд барои иҷрои созишномаи се сол пеш бо Газпром имзошуда пофишорӣ мекард. Тибқи ин санад, Украина гази Руссияро бо қиммати 50 доллар харидорӣ мекард. Ба ҷойи имзои созишномаи нав, меафзоянд мухолифин, кобинаи вазирон бояд аз созишномаи пешин дар додгоҳи байналмилалии баҳсҳои иқтисодӣ дифоъ мекард.
Комиссиёни Аврупо имрӯз изҳори итминон кард, ки бӯҳрони сиёсӣ дар Украина сабаби нооромиҳо дар кишвар нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG