Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Заур Дахте


Наворбардор ва суратгари тоҷик Заур Дахте барандаи медали тиллоии Бунёди сулҳи Руссия гардид. Бунёди сулҳи Руссия бо ин ҷоиза аз хидмати афроди гуногунпеша дар пойдории сулҳ қадр мекунад ва Заур Дахте аввалин суратгари тоҷик аст, ки соҳиби ин медал шудааст. Заур Дахте дар сӯҳбат бо мо гуфт:

Соли гузашта чанд намоишгоҳ доштем, ду намоишгоҳ дар Чин, як намоишгоҳ дар Ҳиндустон, як намоишгоҳ дар Ҷопон, ҳамчунин намоишгоҳҳо дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав ва ЮНЕСКО дар Париж ва ба ман барои тарғиби сулҳи тоҷикон дар ин намоишгоҳҳо медали тиллои Бунёди сулҳи Руссияро доданд. Ин намоишгоҳҳо асосан аз аксҳои табиати Тоҷикистон, расму русум ва маросимҳои тоҷикон, чеҳраҳои маъруф - донишмандон, варзишгарон, ҳунармандон, одамоне, ки барои Тоҷикистон кор кардаанд, мураттаб шуда буданд.

Заур Дахте афзуд, ӯ тасмим дорад, ки аксҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он бардоштаашро дар як албом ҷамъ оварад, вале айни ҳол мушкилоти молӣ садди роҳаш шудааст. Ва аммо як албоми аксҳои Заур Дахте - аксҳои ёдгориҳои таърихиии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар Теҳрон нашр мешавад.

Тайи беш аз ду моҳ тақрибан тамоми манотиқи Тоҷикистонро гаштам, масоҷид, биноҳои қадима, меъмории қадима, ёдгориҳои қарнҳои се ва чори то мелодро аксбардорӣ кардем ва дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон ваъда доданд, ки ин китобро аз ҳисоби худашон нашр мекунанд. Ин китоб бояд рӯзҳои наздик ба дасти мо бирасад.

Айни ҳол суратгари тоҷик ба бузургтарин намоишгоҳи аксҳояш дар Душанбе омодагӣ мегирад. Ин намоишгоҳ моҳи август дар зодрӯзи оғои Дахте ифтитоҳ хоҳад шуд. Аз ӯ суол кардем, ки ин намоишоҳ аз намоишгоҳҳои қаблияш чӣ тафовут дорад?

Дар он сафарҳое, ки ман ба Чин, Ҳиндустон, Маскав доштам, як сериёе таҳия шудааст ва мехоҳам он аксҳоро дар қатори аксҳои Тоҷикистон ба намоиш гузорам.

Заур Дахте солҳои зиёд наворбардори студияи "Тоҷикфилм" буд. Солҳои ахир ӯ бештар ба суратгарӣ машғул аст ва дар кишварҳои гуногун чандин намоишгоҳ баргузор кардааст.
XS
SM
MD
LG