Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди нависандагон дарҳоро мебандад


Камол Насрулло, муовини раиси Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ахиран дар машварати раёсат барои муддаъиён ба узвияти ин Иттиҳод маҳдудияти синну сол муайян гардид. Ҳамакнун афроде, ки синнашон аз 55 сол болост, наметавонанд, узви Иттиҳод бошанд! Камол Насрулло афзуд, тасмими мазбур дар баробари афзудани аъзои ин иттиҳод аз ҷониби бознишастагон ва солхӯрдагон гирифта шуд:

«Бархе аз солхӯрдагон китобҳо ва ёддоштҳо менависанд ва мехоҳанд, ки узви ИНТ шаванд, вале асарҳои онҳо ягон арзиши адабӣ надорад»

Ҳамзамон шаҳодатномаҳои аъзои ИНТ иваз гардид.

Теъдоди аъзои ИНТ солҳои ахир афзуд ва ҳамакнун шумораи онҳо то 400 нафар беш аст. Аъзои ИНТ, ки дар даврони шӯравӣ имтиёзҳои зиёд доштаанд, имрӯз аз кадом имтиёзот бархурдоранд? Камол Насрулло мегӯяд, тақрибан аз ҳеҷ имтиёз. Вале ИНТ барои аъзои худ маҳфилҳои адабиву ҷашнвораҳо баргузор мекунад.

Ва аммо акнун барои узви ИНТ шудан муддаъӣ бояд то 55 сола бошад, на камтар аз 2 асар ва онро ҳам дар нашриёти «Адиб» чоп кунад, аз ҳаллоҷии шӯъбаи наср, назм, танқиди адабӣ гузарад ва бояд аз 3 узви дигари иттиҳод тавсиянома дошта бошад. Сипас номзадии ӯро 19 корманди раёсати Иттиҳод зимни баргузории як овоздиҳии пинҳонӣ тасдиқ ва ё рад мекунанд. Дар мавриде, ки маҳдудияти ниҳоии синну сол то 55 муайян шудааст, раёсати ИНТ мегӯяд, бархе аз адибони ҷавон ва боистеъдод метавонанд ҳатто бо як шеъри баланд ва асари хуб шомили ин иттиҳод шаванд.
XS
SM
MD
LG