Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов дар маросими савгандёдкунии президенти Қазоқистон иштирок мекунад.


Насибҷони Амонӣ.

Ба гуфтаи Абдуфаттоҳ Шарифов-сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов даъват кардааст, ки дар замони барояш муносиб ба Қазоқистон сафари расмиеро анҷом диҳад. Ин пешниҳод аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмонов бо қаноатмандӣ пазируфта шудааст.Сарвари Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар маросими савгандёдкунии Нурсултон Назарбоев, ки бори дигар раиси ҷумҳури Қазоқистон интихоб шудааст, 10 январ вориди шаҳри Остона-пойтахти Қазоқистон гардида буд. Бегоҳи ҳамон рӯз мулоқоти сарони ду кишвар баргузор шуд.Сухангӯи президенти Точикистон иброз дошт, ки Эмомалӣ Раҳмонов Нурсултон Назарбоевро бо интихоби навбатӣ ба курсии раёсатҷумҳурӣ муборакбод намуд.
Дар мавриди мӯҳтавои мулоқоти сарони ду кишвар Абдуфаттоҳ Шарифов гуфт:
" Дар мулоқоти сарони ду давлат масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳар ду кишвар мавриди муҳокима карор гирифт. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов изҳор дошт, ки рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо Қазоқистон яке аз самтҳои муҳими хориҷии давлати мост. Ба масоили ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, иҷтимоиёт ва амният дахл намуда,президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба татбиқи амалии лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва роҳсозӣ, ки хамчунин аҳамияти зиёд барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дорад, ҳавасмандӣ зоҳир намуд. Ҳамчунин президенти Қазоқистон изҳор дошт, ки ба Тоҷикистон дар масъалаи тақдими маводи сӯхт кумак хохад кард."
Ба гуфтаи оқои Шарифов дар ҷараёни мулоқот Нурсултон Назарбоев изҳор кардааст, ки кишвараш ба Тоҷикистон дар кори омода кардани мутахассисини риштаҳои гуногун, аз ҷумла марзбонӣ кумак хоҳад кард.
Дар посух ба пурсиши радиои Озодӣ дар бораи муҳоҷирони тоҷик сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иброз дошт, ки атрофи ин мавзӯъ дар мулоқот гуфтугузор сурат нагирифтааст ва имкон дорад дар ин робита дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмонов ба Қазоқистон баъзе санадҳо, аз ҷумла созишнома дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик низ баррасӣ гардад .
Замони сафари расмии Эмомалӣ Раҳмонов тавассути роҳҳои дипломатӣ мушаххас хоҳад шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар маросими савгандёдкунии Нурсултон Назарбоев намояндагони беш аз 70 кишвари дунё ширкат карданианд.
Маросими садои авганд субҳи 11 январ баргузор хоҳад гардид ва ҷараёни он мустақиман тавассути симои кишвар пахш хоҳад шуд. Рӯзи 11 январ ба муносибати бори дигар ба сари ҳокимият нишастани Нурсултон Назарбоев дар ин кишвар таътил эълон шудааст.
Насибҷони Амонӣ, Алма-Ато
XS
SM
MD
LG