Пайвандҳои дастрасӣ

Оё метавон аз густариши бемории зукоми мурғӣ ҷилавгирӣ намуд?


Холидаи Қодир. Туркия ошкор шудани ҳодисаи нави зукоми мурғӣ дар вилояти Шивасро тасдиқ кард. Ба ин тариқ , шумораи гирифторони ин беморӣ дар Туркия расман ба 15 нафар мерасад. Дар ин кишвар миллионҳо сар мурғ барои ҷилавгирӣ аз густариши зукоми парранда нобуд карда мешаванд. Ҳайъати вижаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Туркия ба омӯхтани вазъият дар робита ба сирояти зукоми мурғӣ ба одамон машғул аст. Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ван, дар шарқи ин кишвар се наврас аз бемории зукоми мурғӣ вафот намуданд. Дирӯз мақомоти Туркия эълон карданд, ки ҳадди ақалл 14 нафар хурдсолон бо шубҳаи зукоми мурғӣ дар шифохонаҳо бистарӣ шудаанд. Мақомоти Туркия таъкид мекунанд, ки ҳамаи онҳо ин бемориро аз тамос бо парандаи бемор гирифтаанд, ва ба гуфтаи онҳо то ҳол аз одам ба одам интиқол ёфтани зукоми мурғӣ мушоҳида нашудааст. Зимнан, олимон ва мақомоти расмии кишварҳои дигар ва созмонҳои марбутаи байналмилалӣ низ мегӯянд, то кунун барангезандаи бемории зукоми мурғӣ имкони гузаштан аз одам ба одамро пайдо накардааст ва ҳамаи беморон, ҳам дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва ҳам Туркия зукоми мурғиро аз паррандаи бемор гирифтаанд. Дар сӯҳбати вижа бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ мудири бахши бемориҳои гузарандаи созмони ҷаҳонии тандурустӣ Бернардос Гантер дар бораи роҳҳои ҷилавгирӣ аз рушди вируси зукоми мурғӣ посух медиҳад.

Холидаи Қодир:
Шумо аз куҷо медонед, ки беморон вируси зукоми мурғиро маҳз аз мурғи бемор гирифтанд, на аз ягон одами бемор?

Бернардос Гантер:
"Ин суоли бисёр мушкил аст. Гурӯҳи бузурги мутахассисони милливу байналмилалӣ барои ёфтани посухи ҳамин суол ҳоло дар шаҳри Ван машғули пажӯҳиш ҳастанд. Ван шаҳрест, ки он ҷо миқдори зиёди одамон зоҳиран ба зукоми мурғӣ гирифтор шудаанд. Рӯзи душанбе мо аз мақомоти Туркия иттилоъ гирифтем, ки дар Анкара низ зукоми мурғӣ дар одамон мушоҳида шудааст. Дар айни ҳол, мо чунин мешуморем, ки ҳамаи беморон зукоми мурғиро аз тамос бо мурғ ва чӯҷаҳои бемор гирифтаанд. Феълан, ба фикри мо ин ҳамон интиқоли қобили пешбинии беморӣ аз паранда ба инсон мебошад, мисли кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ".

Холидаи Қодир:
Сабаби итминони шумо чӣ аст, ки вируси зукоми мурғӣ ҳанӯз қудрати аз одам ба одам сироят карданро надорад? Бубинед, се нафаре, ки дар шаҳри Вани Туркия аз зукоми мурғӣ вафот карданд, хоҳару бародар буданд. Шояд яке аз онҳо вируси зукоми мурғиро аз бародараш гирифта бошад?

Бернардос Гантер:
" Ин шабеҳи он аст, ки чанд нафар дар сари як дастурхон, масалан, картошкаи заҳролудро мехӯранд. Дар чунин ҳолат ҳама заҳролуд мешаванд, вале ҳама дақиқан дар як лаҳзаи баробар бемор намешаванд. Дар шаҳри Ван ҳам ҳамин ҳодиса шуд. Ҳамаи онҳо бо мурғи бемор дар тамос шуданд. Ҳамаи онҳо тақрибан дар як вақт, дар фосилаи як-ду рӯз бемор шуданд. Агар дар байни бемории онҳо фарқ як-ду ҳафта мебуд, он гапи дигар буд. Бо дар назардошти ҳамин нукта, ки ҳамаи аъзои ин оила баъди тамос бо мурғ дар зарфи як муддати кӯтоҳ бемор шуданд, мо итминон дорем, ки ҳамаи онҳо ин бемориро аз як манбаъ гирифтаанд".

Холидаи Қодир:
Баъзе олимон мегӯянд, ки ҳатман вируси зукоми мурғӣ тадриҷан шаклу имконоти худро дигар мекунад ва қудрати аз инсон ба инсон сироят карданро пайдо мекунад ва ин танҳо масъалаи вақт аст. Оё ин пешбинӣ дуруст аст?

Бернардос Гантер:
"Бале, метавонам бигӯям, ки мо мунтазири амалӣ шудани ин пешгӯӣ ҳастем. Имконоти вируси зукоми мурғӣ ғайри қобили пешбинӣ аст. Ин вирус ду сол аст, ки арзи вуҷуд мекунад ва ба миллионҳо парранда сироят кардааст. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, тол ҳол вируси зукоми мурғӣ ба 44 одам гузаштааст. Тавре гуфтам, ин вирус ғайри қобили пешбинӣ аст ва имкони тағйири шакл карданро дорад. Мо бояд коре кунем, ки чунин тағйири шакл кардани вирус вақти ҳарчи тӯлонитарро бигирад, яъне зуд амалӣ нашавад. Аз ҳамин сабаб, мо ба зидди вирус муборизаи шадид пеш мебарем, паррандаҳои беморро зуд аз байн мебарем ва бо ин роҳ имкони тағйири шакл кардани вирусро ба сифр баробар мекунем."

Холидаи Қодир:
Оё ба зидди зукоми мурғӣ билохира ваксина тайёр шудааст?

Бернардос Гантер:
"Ҳоло ба зидди зукоми мурғӣ ваксина вуҷуд надорад, вале дар ин самт кӯшишҳо идома доранд. Ваксина барои паррандаҳо омода шудааст, вале на ба миқдори зиёд. Навъи ваксина ба зидди бемории зукоми мурғӣ барои одамоне, ки ҳамеша аз рӯи касбу кор бо парандаҳо дар тамос ҳастанд, омода мешавад. Вале
ҳоло он барои истифода гузошта нашудааст."

Холидаи Қодир:
Бемории зукоми мурғӣ дар инсон шифоёбанда аст?

Бернардос Гантер:
"Мо ҳоло доруҳои зидди вирусро истифода мебарем. Ин дору танҳо дар ҳолате кор медиҳад, ки ба зудӣ баъди тамос бо мурғи бемор, ё ба зудӣ баъди пайдо шудани нишонаҳои нахустини беморӣ истеъмол шавад."
XS
SM
MD
LG