Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пояи кӯҳи Арафот


Зиёда аз 2 миллион мусулмон ва иҷрои фаризаи ҳаҷ Дар маросими ҳаҷҷи имсол 3450 шаҳрванди Тоҷикистон ширкат мекунанд ва орзуву дуо мекунем, ки худованд ҳаҷҷи онҳо қабул гардонад.

Ашраф Юсуф, як зоир аз Миср, ки ҳамроҳи садҳо ҳазор нафар ба пояи кӯҳи Арафот омадааст мегӯяд, имрӯз барои ӯ ва зоирон рӯзи хуш аст, зеро худованд ба фариштагон мегӯяд, шоҳид бошед, ки фарзандони ман назди ман омадаанд, то гуноҳи онҳоро бубахшам. Вуқуф дар Арафот пеш аз бомдод ба ҷо оварда мешавад ва бидуни он ҳаҷҷ нотамом хоҳад буд.
Орзуи тавба ба худованди бахшояндаи меҳрубон аз ин ҷо оғоз меёбад. Зоирон аз қадамҷои ҳазрати пайғамбар мегузаранд ва Арафот, кӯче ба иртифои 250 метр аз сатҳи баҳр, маконест, ки пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи вассалам охирин маросимро анҷом дода буд.
Зоирон рӯзро дар Арафот шом мекунанд ва ба Муздалифа раҳсипор мегарданд. Шаб дар Муздалифа онҳо санг мечинанд, то рӯзи дигар рамзи шайтонро бизананд ва ба он пирӯз шаванд.
Сипас онҳо ба Мино бармегарданд ва ба иди Қурбон омода мешаванд.Бо қурбонӣ ва миқроз задани мӯйи сар роҳи онҳо дар иҷрои фаризаи ҳаҷ ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG