Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти UNICEF дар робита ба ҳалокати атфол


Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) ба мардуми Тоҷикистон дар робита ба фавти кӯдакон дар парваришгоҳи кӯдакони маъюби Чорбоғ изҳори ҳамдардӣ карда, ин ҳодисаро фоҷиаи дардовар номид. Ин ниҳод ба 77 кӯдак, ки ба лисеи махсуси кӯдакони маъюб кӯчонида шуданд, кoмак расонд. Намояндаи UNICEF дар Тоҷикистон хонум Юки Мокуо гуфт, "кӯдакони маъюб монанди кӯдакони солим узви баробарҳуқуқи ҷомеаанд ва аз иштирок дар ҳаёти иҷтимоӣ бояд бахра баранд ва кӯшишҳо бояд барои тавонои ин кӯдакон равона шавад, на маъюбии онҳо."
Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон изҳори таассуф кард, ки донорҳо барои дастгирии барномаҳои марбут ба кӯдакони маъюб маблаги кофӣ намедиҳанд. Агар ин барномахо бо маблағҳои лозима таъмин шаванд, таҷдиди раванд зудтар амалӣ мегардад. Ин ниҳод тасмим гирифтааст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистонба ҳалли масъала мадад кунад.
XS
SM
MD
LG