Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суду зиёни муҳоҷират


шореҳи меҳмон Аз як сӯ гуфта мешавад, ҳиҷрати нирӯи кор ба Русия наҷотбахши Тоҷикистон ва мардуми он аст, аммо аз сӯи дигар гуфта мешавад, он ба ободӣ ва пешрафти мулки дигар хизмат мекунад. Кадом дуруст аст?

Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои содиркунандаи нирӯи кор табдил ёфтааст. Ҳар сол садҳо ҳазор коргари тоҷик барои кор ба кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд. Сабабҳои асосии муҳоҷират - ин бӯҳрони иқтисодӣ, авҷ гирифтани бекорӣ ва ночиз будани музди кор дар кишвар аст. Ин падида, ки рӯиҳамрафта, ба таври худҷӯш сурат мегирад, аз нигоҳи иқтисодӣ то чӣ андоза муфид аст?
Муҳоҷирати нерӯи кор моҳиятан замоне ба амал меояд, ки омилҳои тавлид аз кишваре, ки он нисбатан арзон аст, ба кишваре ки арзиши он нисбатан болотар аст, ҷо ба ҷо мешавад ва бо самараи бештар истифода мегардад. Аз нигоҳи иқтисодӣ ин кор ҳам барои кишвари содиркунанда ва ҳам барои кишвари пазирандаи нирӯи кор судманд аст, ба шарте ки он (ба таври муназзам ва) бо риояти ҳуқуқи башар ва муқаррароти кишварҳо сурат гирад. Зимнан, кишвари мизбон фоидаи бештар мебарад, хусусан дар ҷое, ки кишвари содиркунандаи нирӯи кор вобастаю заиф бошад.
Чунин ҳолат дар муносиботи байни кишварҳои шӯравии пешин, ба вижа байни Тоҷикистону Русия дида мешавад. Қонунҳо ва муқаррароти Русия аз ҳадди эътидол ҳанӯз хеле дуранд ва барои муҳоҷирон мушкилоти зиёд эҷод менамояд. Илова бар ин, мақомоти Русия ва бархе кишварҳои ҳамсоя ба муҳоҷирон рӯи хуш нишон намедиҳанд ва дар муносибат бо онҳо ба табъизу қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд. Давлати Тоҷикистон ҳам, бо вуҷуди кӯшишҳояш, аз пуштибонию ҳимояти шаҳрвандони муҳоҷири худ амалан оҷиз мондааст. Аз ин рӯ, дар бозори кор мавзеъи корфармоён қавӣ ва мавзеъи коргарони муҳоҷир заиф аст. Ин аст, ки корфармоёни Русия аз кори муҳоҷирони тоҷик ба маротиб бештар суд мебаранд. Рўиҳамрафта, ҷанбаҳои мусбати сафари муҳоҷирон ба Русия чунинанд:
1. Kишвари мизбон, яъне Русия, бидуни ҳеҷ гуна ҳазина нирӯи кори тарбияёфта ва омадаи корро муфт дарёфт мекунад ва аз он ба суди хеш баҳрабардорӣ мекунад.
2. Kорфармоёни он кишвар ба муҳоҷирон музди хело камтар аз арзиши кори онҳо мепардозанд. Илова бар ин, онҳо аз бобати бимаи иҷтимоъии муҳоҷирон низ пул намепардозанд. Ва аз ин роҳ маблағи зиёдеро сарфа мекунад.
3. Нирӯи кори арзон боиси поин омадани қимати колоҳои кишвари мизбон ва боло рафтани тавони рақобати онҳо мегардад.
4. Муҳоҷирон, аксаран, корҳои сахту душвореро, ки мардуми бумӣ аз онҳо ибо меварзад, ба ӯҳда мегиранд. Онҳо бештар дар бахшҳои сохтмон, истихроҷи маодин, роҳсозӣ ва хадамот кор мекунанд ва ба пешрафту ободии кишвари мизбон ҳисса мегузоранд.
5. Муҳоҷирон боиси афзудани ҳаҷми арзаю тақозо ва маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар мегарданд, яъне ба рушди иқтисоди кишвари мизбон мусоидат менамоянд.
6. Муҳоҷирон, ки асосан афроди ҷавону фаъол мебошанд, вазъи демографии кишвари мизбонро беҳтар менамоянд.
7. Илова бар инҳо, муҳоҷирони тоҷик ба яке аз манбаҳои даромади мақомоти интизомӣ, марзбонон, нозирони роҳ ва аносири ҷиноии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтаанд. Онҳо аз роҳи фишору зӯроварӣ кисаи муҳоҷирони тоҷикро холӣ мекунанд.
8. Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки ҳукумати Русия аз муҳоҷирон ба масобаи абзори фишор овардан ба Тоҷикистон барои расидан ба аҳдофи сиёсии худ истифода мекунад.
Ҷанбаи манфии вуҷуди муҳоҷирон дар кишвари мизбон ин аст, ки баъзан, ба вижа ҳангоми афзудани бекорӣ ва ё боло рафтани ҳисси миллатгароии афроди азаматталаби Русия, мумкин аст, ихтилофоти қавмӣ пеш ояд ва авзои ҷомеа муташанниҷ гардад.
Кӯтоҳи сухан, муҳоҷирати коргарони тоҷик ба Русия алҳол барои он кишвар муфидтар аст, то ба Тоҷикистон ё худи муҳоҷирон.
XS
SM
MD
LG