Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cадои тоза: Рустами мо дар Итолиё


Рустам Дулоев, овозхони шинохтаи опера, яке аз муҳимтарин ширкаткунандагони консерти ҳунармандони тоҷик дар толори ЮНЕСКО дар Париж буд ва бо садои қавӣ ва бовусъати худ аксар тамошобинони аврупоиро мутаҳайир намуд.
Рустам Дулоев 38 сол дорад. Ӯ дар консерваторияҳои Маскав ва Тошканд таҳсил карда, 6 сол дар Tеатри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахи Тоҷикистон кор кардааст. Дар соли 1995 Рустам бар асоси озмуне, ки дар он танҳо 60 хонандаи опера аз саросари ҷаҳон қувваозмоӣ намудааст, ба унвони танҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва аслан ягона намояндаи кишварҳои собиқ шуравӣ ба Академияи ҳунари операи шаҳри Анконаи Итолиё пазируфта мешавад. Баъди хатми академия ва дарёфти дипломи он дар соли 1999 то имрӯз Рустам Дулоев дар шаҳри Милани Итолиё ба сар мебарад. Сӯҳбати мо аз зикри дастоварди барои ӯ хеле муҳими соли гузашта шурӯъ шуд.

Ин гуфтугӯ ва ҳамаи нашри тозаи "Садои тоза"-ро бо клик ба рӯи рамзи радиоча дар охири сарлавҳа гӯш кунед.
XS
SM
MD
LG