Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон барои Ҷоми Туркманбошӣ мераванд


Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон бо эълони ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, мусобиқаи имсола аз 11 то 19 феврал дар варзишгоҳи олимпии шаҳри Ишқобод баргузор хоҳад шуд. Вай афзуд, дар дувоздаҳумин давраи мусобиқот ширкати беҳтарин дастаҳои футболи Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дар назар аст. Тибқи низомномаи мусобиқот дар марҳилаи аввал ҳашт даста дар ду гурӯҳ рақобат хоҳад кард. Ғолибони гурӯҳҳо барои ширкат дар бозии ниҳоӣ, ки 19-уми феврал -- дар рӯзи Иди парчами миллии Туркманистон ва зодрӯзи президенти ин кишвар Сафармурод Ниёзов доир мешавад, роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ мақоми дувумро ишғол мекунанд, байни ҳам барои ҷоизаи севум талош меварзанд.

Барандаи Ҷоми Туркманбошӣ соҳиби 20 ҳазор доллар мешавад. Дастае,ки дар мақоми дувум қарор мегирад, бо 10 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Ба дастае, ки мақоми севумро касб мекунад, 5 ҳазор доллар тақдим хоҳад шуд. Воқиан соли гузашта дастаи «Авиатор» -и Бобоҷон Ғафуров дар ин мусобиқот бо ҷоизаи севум сарфароз гашта буд.

Мирзо Муҳаммадҷонов, ҳамчунин иброз дошт, ширкат дар Ҷоми президенти Туркманистон барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон як марҳилаи омодагии футболбозони ҷавони тоҷик ба давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки моҳи ноябри соли равон дар Ҳиндустон баргузор мегардад, маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG