Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи се корхонаи дӯзандагӣ дар вилояти Хатлон


Намояндагии дипломатии Ирон дар Тоҷикистон барои ин корхонаҳо 20 дастгоҳи дӯзандагӣ тақдим кард. Носир Сармади Порсо, сафири Ирон дар Тоҷикистон дар аснои ифтитоҳи ин корхонаҳо гуфт, бо ёрии молии ҷониби Ирон 53 муассисаи хурди дӯзандагӣ дар Тоҷикистон боз шуда ва садҳо шаҳрвандон, бавижа занони тоҷик бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Оқои Порсо гуфт, барои таъмиру таҷдиди ягона кинотеатри шаҳри Қӯрғонтеппа кишвараш омода аст 80 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос диҳад. Аз ин маблағ аллакай 30 ҳазор доллар ба мақомоти Қӯрғонтеппа дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол Маҳмадалӣ Насруллоев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, соли 2005 беш аз ду ҳазору сесад сокини маркази маъмурии вилояти Хатлон бо ҷойи кор таъмин гардида ва дар соли равон қарор аст боз дуюним ҳазор шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин шаванд.

Ҳамчунин сафорати Ирон ба маркази ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа 15 адад компутар, 9 дастгоҳи чопӣ ва мизу курсиҳо эҳдо кард. Сафаралӣ Ниёзов, раиси маркази фарҳангии ҷавонони Қӯрғонтеппа мегӯяд, ҳамакнун се корманди марказ барои ҷавонони шаҳр асосҳои компутар ва кор бо интернетро меомӯзонанд.

Ҳамзамон бо кӯмаки молии сафорати Ирон дар ноҳияи Рӯдакӣ, 15-километрии пойтахти Тоҷикистон низ ду корхонаи хурди ресандагӣ бунёд шудааст. Сафорати Ирон дар Тоҷикистон инчунин азм дорад, дар таъсиси корхонаҳои азими саноатӣ дар қаламрави ин кишвар низ саҳм гузорад.
XS
SM
MD
LG