Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори Озодӣ. Шумораи аввал (07.01.2005)


АХБОР

Рӯзи 4 январ дар Токио расми муаррифии бузургтарин бонки Ҷаҳон мавсум ба "Токио Митсубиси" доир шуд. Бонки мазкур дар натиҷаи ҳамоиши гурӯҳҳои молии "Митсубиси Токио" ва UFJ таъсис ёфта, дороияш 1 триллиону 300 миллиард доллар ҳисоб шудааст, ки аз дороии бонки амрикоии Ситигрупп 60 миллиард доллар бештар аст. Мақомҳои баъдӣ дар ҷадвали бузургтарин бонкҳои ҷаҳон ба UBS-и Суис, Credi Agrocol-и Фаронса ва бонки бритониёии HSBC марбут будааст.

"Дойче Банк", бузургтарин бонки Олмон мехоҳад барои мизоҷони мусалмонаш анвоъи нави хадамоти бонкиро ҷорӣ кунад. Ин анвоъи хадамот дар чаҳорчӯби шароити шариъати исломӣ арза хоҳанд шуд. Шариъати исломӣ таври маълум риборо манъ мефармояд ва "Дойче Банк" акнун ба ҷойи фоизи собити бонкӣ ба мизоҷони эҳтимолиаш аз кишварҳои Ховари Миёна роҳи мушорикатҳои тиҷориро пешниҳод мекунад.

Кумиссиюни Аврупо ахиран дар бораи ихтисоси 66 миллион евро ба 5 кишвари Осиёи Марказӣ хабар дод. Ин ёрӣ бахши дигар аз барномаи дарозмуддати Кумиссиюни Аврупо буда, махсуси барномаҳои коҳиши фақри аҳолӣ, эҳёи ниҳодҳои иҷтимоӣ ва маблағгузории ҷараёни ислоҳоти низомҳои маъмуриву ҳуқуқии ин кишварҳо хоҳад шуд.

Зуд ҳаст, ки ширкати амрикоии "Боинг" мақоми аввал дар бозори ҳавопаймосозии ҷаҳонро дубора соҳиб шавад. Соли гузашта ин ширкат барои сохтани 1002 ҳавопаймо фармоиш гирифтааст, дар ҳоле ки рақиби аслии вай дар ин бозор - ширкати аврупоии "Эйрбас" дар соли 2005 танҳо 779 фармоиш ба даст овардааст. Бештар аз ҳама дар соли гузашта ҳавопаймоҳои ин ду ширкатро кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё харидорӣ кардаанд.

Вазорати мухобироти Тоҷикистон мегӯяд, аз моҳи феврал нархи гуфтугӯи телефони шаҳриро ду баробар хоҳад бардошт. То кунун қимати ҳар дақиқаи гуфтугӯи телефонӣ 1 дирам буд. Муовини вазири мухобирот Иброҳим Усмонов гуфт, Тоҷикистон мехоҳад ҳамин сол ба баргардонидани 20 миллион доллар воми Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд шурӯъ кунад, аммо нархи қаблии гуфтугӯҳои телефонӣ, ба ақидаи оқои Усмонов, ҳатто арзиши аслии онро намепӯшонд. Тоҷикистон мукаллаф аст бозпардохти воми Бонки аврупоиро дар давоми 10 соли оянда ба поён бирасонад.

Ширкати русии мухобиротии "Вимпелком", ки то кунун дар Русияву Қазоқистон ва Украина фаъолият мекард, дар ивази 12 миллион доллар 60 дарсади саҳмияҳои "Таком", як ширкати телефонҳои мобайл дар Тоҷикистонро харидорӣ кардааст. Бар асоси тавофуқ, "Вимпелком" ҳаққ дорад 40 дарсади боқимондаи саҳмияҳои "Таком"-ро ҳам дар оянда харидорӣ кунад. "Вимпелком" мехоҳад телефонҳои марбут ба ширкати "Таком"-ро, ки пештар бо номи "Тоҷиктел" ва акнун ҳамчун "Тоҷфон" амал мекунанд, ба шабакаи дар Русия маъруфи "Билайн", ки низ ба "Вимпелком" тааалуқ дорад, бипайвандад.

Ахиран "Иқтисод ва ҳаёт", моҳномаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар ҳаҷми 12 саҳифа ва бо теъдоди тақрибан 1000 нусха аз дасти чоп берун шуд.Ин нашрия дар шумораи аввалаш дар баробари оинномаву барномаи ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ як силсила матолибро дар бораи масоили иқтисодии кишвар ба табъ расондааст.

Сар аз 11 январ як масири нави роҳи оҳан байни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва пойтахти Русия боз хоҳад шуд.
Қимати роҳкиро дар вагони платскарти ин масир 324 сомонӣ ва чиптаи вагони купе 417 сомонӣ муқаррар шудааст.
Феълан қаторҳои роҳи оҳан аз Тоҷикистон ҳафтае ду бор дар масири Душанбе - Маскав ва якборӣ дар се масири дигари Кӯлоб - Аштархон, Душанбе - Аштархон ва Хуҷанд - Саратов ҳаракат мекунанд.


ГАЗАВОТ АЛАЙҲИ УКРАИНА

Дар ин ҳафта Украинаву Русия бар сари масъалаи нархи газ ба тавофуқ расиданд. Ҷанҷоли нархи газ байни ин ду кишвар аз миёнаҳои моҳи декабр оғоз ёфта буд. Ширкати "Газпром"-и Русия барои ҳазор метри мукааби газе, ки ба Украина мефурӯшад, сар аз соли нав 230 доллар талаб гузошт, дар ҳоле ки то ин дам чунин ҳаҷми газро ба Киев ба қимати ҳамагӣ 50 доллар мефурӯхт.Дар охирин соъоти соли гузашта президенти Русия Владимир Путин пешниҳод кард, ки нархи фурӯши газ барои Украина дар семоҳаи аввали соли нав ҳамон 50 доллар боқӣ бимонад, вале ба шарте ки Киев нархи нави "Газпром"-ро аз моҳи апрел бипазирад. Украина аммо ин пешниҳодро ҳам радд кард ва ҷанҷол ҳамин тавр ба соли нав кӯчид.

Рӯзи 1 январ "Газпром" фишори газро дар яке аз 3 лӯлае, ки тавассути хоки Украина мегузарад, коҳиш дод ва ҳарчанд гуфт, ки ин иқдом мунҷар ба коҳиши содироти гази Русия ба соъир кишварҳои Аврупо нахоҳад шуд, чунин ҳол нигарониҳои ҷиддиеро аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ба бор овард. Таври маълум, 80 дарсади содироти гази Русия ба Аврупо тавассути лӯлаҳое сурат мегирад, ки аз қаламрави Украина мегузаранд.

Аммо ба ҳар сурат, рӯзи 4 январ ширкатҳои "Газпром"-и Русия ва "Нафтогаз"-и Украина тавонистанд як миёнаи барои ҳар ду ҷониб мувофиқро дар мавзӯъи нархи газ пайдо кунанд. Қарор шуд, ки ширкати "РосУкрЭнерго", ки дар Суис сабти ном шуда ва 50 дарсади саҳмияаш ба "Газпром" тааллуқ дорад, газро аз Русия бо нархи 230 доллар барои ҳазор метри мукаабаш харида, бо газе, ки аз Осиёи Марказӣ мехарад, меомезад ва сипас дар марзи Украина ба ширкати "Нафтогаз" ба қимати 95 доллар мефурӯшад. Зимнан нархи транзити гази Русия тавассути қаламрави Украина низ ҳудуди 50 дарсад бардошта хоҳад шуд.

Аз ин тавофуқи бадастомада ҳам Русияву Украина ва ҳам ИА истиқбол карданд. Аммо масалан Юлия Тимошенко, сарвазири собиқи Украина гуфтааст, ки қарордоди имзошударо ба додгоҳ хоҳад кашонид. Ба ақидаи хонум Тимошенко, Украина аз ин қарордод зиёни бузурги иқтисодӣ мебинад.

Коршиноси барномаи мо Тоҳири Абдуҷаббор муътақид аст, ки дар ҷанҷоли байни Маскаву Киев бар сари нархи газ нақши авомили сиёсӣ назар ба далоили иқтисодӣ муассиртар буд ва нархи баланде, ки Русия барои газаш аз Украина мехост, асоси иқтисодӣ камтар дошт. Ба ақидаи Тоҳири Абдуҷаббор, ин ҷанҷол як навъ талоши ҷазо додани Украина барои ҳаракаташ ба сӯи Ғарб ва хориҷ шуданаш аз канори Маскав будааст.

НАРХИ НАВИ ГАЗИ КАМЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН

Узбакистон аз соли нав қимати фурӯши ҳазор метри мукаабаш барои Тоҷикистонро аз 42 доллари қаблӣ то ба 55 доллар боло бурд. Ба думбол ширкати Гази Тоҷик бо мувофиқат бо ожонсии сиёсати зиддиинҳисоргароӣ нархи фурӯши газро дар дохили кишвар низ боло бурд. Файзиддин Садиров, сухангӯи ширкати Гази Тоҷик дар ин робита гуфт: "Шурӯъ аз 30 декабри соли 2005, шаҳрвандон ва корхонаҳои давлативу хусусӣ барои истифодаи 1000 метри мукааб гази ворида 250 сомонӣ пардохт хоҳанд кард. Он истеъмолкунандагоне, ки ҳисобкунак надоранд, барои истифодаи газ дар як моҳ 6 сомониву 25 дирам бо андоз аз арзиши иловашуда 31 дирам пардохт мекунанд." Оқои Садиров афзуд, ки аммо нархи фурӯши гази табии тавлидоти худи Тоҷикистон тағйир накардааст.

Тоҷикистон 95 дарсади эҳтиёҷоташ ба гази табииро аз ҳисоби гази Узбакистон таъмин мекунад ва ширкати "Узтрансгаз" ҳанӯз дар моҳи октябр эълон карда буд, ки аз соли нав ба маҳзи боло рафтани нархи ҷаҳонии газ қимати фурӯши газашро барои Тоҷикистон боло хоҳад бардошт. Аммо коршиноси барномаи мо Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, вобастагии Тоҷикистон аз воридоти гази табии Узбакистон масъалаест, ки дар ин яку ду соли наздик ҳалношуданист. Ба ақидаи оқои Абдуҷаббор, Душанбе бояд ҷиҳати ҷустуҷуӯи манобеъи дигар низ бияндешад. Ӯ мегӯяд, ба кор даровардани чоҳҳои гази маҳаллӣ метавонад осори манфии болоравии нархи гази Узбакистонро як андоза нармтар кунад, вале танҳо дар сурати эҳдоси нирӯгоҳҳои Роғуни Сангтӯда ва таъмини ниёзмандиҳои мардум ва корхонаҳо аз ҳисоби нирӯи барқ Тоҷикистон метавонад аз чунин вобастагии сахташ аз манобеъи энержии ҳамсоякишварҳо раҳо ёбад. Барномае, ки иҷрояш чандин сол, заҳмати фаровон ва маблағгузориҳои бузургеро тақозо мекунад.


МАҚОМИ 137-уми ТОҶИКИСТОН

Созмони амрикоии Ҳеритейҷ ё худ Бунёди Мерос дар ҷадвали ҷаҳоние, ки таҳти унвони Шохиси Озодии Иқтисод ва барои 157 кишвар тартиб додааст, Ҳонг Конгу Сингапур ва Ирландияро се кишвари аз лиҳози озодии иқтисод пешқадами ҷаҳон ба қалам додааст. Тоҷикистон дар ҷадвали имсолаи Бунёди амрикоии Мерос дар мақоми 137-ум ҷой гирифтааст, вале дар муқоиса бо солҳои пешин Бунёи Мерос Тоҷикистонро аз радифи кишварҳое, ки иқтисодашон таҳти таъқиб қарор дорад, берун оварда, иқтисоди Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистонро умдатан ғайриозод баҳо додааст. Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо иқтисоди Қирғизистон дар гузориши Бунёди Мерос сазовори баҳои ғолибан озод шуда, аммо иқтисоди Туркманистонро дар ҳоли таҳти таъқиб баҳогузорӣ кардаанд. Марк Майлз, мудири Маркази Иқтисод ва Тиҷорати Хориҷӣ дар Бунёди Мерос дар бораи ғолибан ғайриозод баҳогузорӣ шудани озодии иқтисод дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон мегӯяд: "Дар муқоиса бо кишварҳои Аврупои Шарқиву Марказӣ мушкилоте дар ин ҷо ба назар мерасад. Ин кишварҳо аксаран дар роҳи хусусигардонӣ, кам кардани дасти дахолати давлат ва коҳиши молиёт пешрафт накардаанд. "

Бунёди Мерос шохиси озодии иқтисоди кишварҳоро бар асоси чанд меъёри умда, аз ҷумла сатҳи ҳимоят аз ҳаққи моликият, фоизи молиёт ва мизони дахолати давлат дар умури иқтисодӣ таъйин мекунад. Бунёди Мерос дар се мақоми охири ҷадвали худ Куриёи Шимоливу Эрон ва Бирмаро ҷой кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси назарсанҷие, ки Созмони Ҷаҳонии Кор дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияи миллии соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон дар байни 450 тоҷири тоҷик доир кардааст, низоми молиёт умдатарин мониа дар роҳи рушди соҳибкорӣ дар ин кишвар дониста мешавад. Беш аз 60 дарсади тоҷирон гуфтаанд, ки ба маъмурони молиёт ришва медиҳанд. Ба ҳисоби 75 дарсади онҳо, даҳяки даромадашон ба ҷайби маъмурони молиёт медарояд.

ПАХТАВУ АЛЮМИНИЙ

Рӯзи панҷшанбе, 5 январ як тонна алюминий дар биржаи Лондон ба қимати 1970 доллар ба фурӯш мерафт, дар ҳоле ки рӯзе пеш нархи он дар ин бозор 10 доллар баландтар, яъне 1980 доллар буд. Ва аммо нархи пахта, яке дигар аз маҳсулоти умдаи тоҷиротии Тоҷикистон дар бозорҳои ҷануби Осиё танҳо тайи чанд рӯзи аввали соли ҷорӣ 25 дарсад боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG