Пайвандҳои дастрасӣ

Садои Ҳамватан: Муҳоҷирати тоҷикон ба Қазоқистон (Бахши аввал)


Муҳоҷирати тоҷикон ба Қазоқистон, ба гуфтаи коршиносон, дар се давра сурат гирифтааст.Давраи аввал ба даврони шуравӣ ҳатто ба қабл аз он марбут мешавад. Дар ин давра тоҷикон дар ин кишвар ғолибан ба тиҷорат машғул буданд.Ба гуфтаи Саломиддини Мирзораҳмат-рӯзноманигори тоҷик, ки 14 сол дар Қазоқистон ба сар мебарад, дар ин давра бозаргонҳои хуҷандиву исфарагӣ ва конибодомиву истаравшанӣ чун бародарони самарқандиву бухороиашон ба ин кишвар меваи хушк меовардаанд.Дар ин робита рӯзноманигори тоҷик меафзояд:
"Аз ҳамон давраи шӯравӣ сар карда бо Қазоқистон,махсусан бо шаҳрҳои Алмаато, Тараз , Чимкант хеле робитаҳои васеъ вуҷуд дошт. Мардуми Тоҷикистон, алалхусус мардуми водии Вахш , водии Ҳисор ба ин ҷо меваю сабзавоти барвақтӣ меоварданд.Фурӯши меваи хушк аз вилояти собиқ Ленинобод ( ҳозира Суғд) садсолахо давом дорад, ки аз он ҷо мардум ба Қазоқистон меваи хушк меоварданд.Хамин хел робитаҳо , ки вуҷуд дошт , ҳамаи ин сабаб шуд, баъд аз шуруъи ҷанг мардуми зиёд аз Тоҷикистон ба Қазоқистон, аз ҷумла ба Алмаато омаданд".

Ҳамин тавр муҳоҷирати оммавии тоҷикон ба Қазоқистон , ба вижа ба Алмаато дар ду давраи дигар , яъне тобистони соли 1992 ва охири ҳамон сол ва аввали соли 1993 бо оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба авҷи аълои хеш расид.Соли 1993, ба гуфтаи Саломиддини Мирзорахмат, дар худи Алмаатову атрофи он тақрибан 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекард ва ҳукумати Қазоқистон ҳам бо дарки мушкилоти мардуми тоҷик ба кору фаъолияти онҳо садде эъчод наменамуданд. Дар он давраҳо низ чун анъана машғулияти асосии муҳоҷирони тоҷик касби аҷдодии онҳо тиҷорат буд. Мирзораҳмат мегуяд:

"Инҳо аз дигар ҷумҳуриҳо ба ин ҷо маводи заруриро ворид мекарданд. Аз ин ҷо ба Русия он чизе, ки он ҷо зарурат дошту дар ин чо буд, он молро гирифта ба Русия мебурданд ё ба дигар ҷумҳуриҳо.Ҳарчанд ки дар Тоҷикистон ҷанг давом дошт, лекин робитаи тиҷоратиро байни Қазоқистону Тоҷикистон ҳамин муҳоҷирони тоҷик аз нав барқарор карданд. Ман ёд дорам, ки то соли 1998 ҳар мавсим аз мофи октябр то январ 200 мошини боркаши 20-25 тоннагӣ ба ин ҷо фақат лиму меомад. Ба ғайр аз ин хурмо , меваи хушк меоварданд ва ин мошинҳо маводи хурока бор карда ба Тоҷикистон мебурданд.Мутаассифона, Ӯзбакистон бо Тоҷикистон низоми раводид эълом карду роҳ баста шуд ва чунин робитаҳо ҳам хеле заъиф гардид".

Ба таъкиди Саломиддини Мирзораҳмат, он солҳо тақрибан 50 дарсади тоҷирони бозорҳои шаҳри Алмаато муҳочирони тоҷик буданд.Онҳо дар ибтидо ба чуз аз меваи хушк меваҷоти ситрусӣ низ мефурухтанд. Ба вижа ,дар он солҳо ҳамкории муҳоҷирони тоҷик бо бародарони эрониашон, ки бо фуруши меваҷоти кишварашон машғул буданд,густариш ёфт.Саломиддин Мирзораҳмат-рӯзноманигор ва бозаргони тоҷик чунин мегуяд:

"Аввали солҳои навадум дар шаҳри Алмаато ширкатҳои эронӣ хеле зиёд сабти ном шуда буданд.Онҳо ба мушкилоти забонӣ дучор омада буданд Аз ҳамин сабаб қариб дар ҳар ширкати эронӣи даҳ- дувоздаҳ нафар муҳоҷири тоҷик кор мекарданд, ҳам ба ҳайси тарҷумон, ҳам роҳбалад , ҳам мушовир, ҳам пешбарандаи кор"

Сипас, оҳиста-оҳиста доманаи фаъолияти муҳоҷирони тоҷик густурдатар шуд. онҳо ба чуз аз кор дар бозорҳои меваю сабзавот ва либосу пойафзол ҳамчунин дар дигар риштаҳо низ маҳорату дониш ва лаёқати хешро санҷиданд.Ҳамсуҳбати мо таъкид мекунад, дар байни ҳаммеҳанонамон баъзеҳо корхонаҳо бунёд карданд ва садҳо е ҳазорҳо гектар замин иҷора гирифта, гандуму дигар маҳсулоти кишоварзӣ меруёнанд.Ҳамчунин тоҷикон даҳҳо ошхонаю қаҳвахона ва мағозаҳо боз кардаанд. Аз ҷумла, Каримҷон Саидов, ки зодаи деҳаи Навободи ноҳияи Рашт аст, дар қаҳвахонаи «Людмила»-и шаҳри Алмаато мурғбирён ва нони дегии гуштдор таҳия мекунад.Ба вай ду бародараш кумак мекунанд ва онҳоро дар маҳаллаи Тастаки шаҳр бисёриҳо мешиносанду эхтиром мекунанд.Вай аз пешааш, ки ба шарофати он ҳам аҳли оилаи хешро мехуронаду ҳам ба хешовандонаш ерӣ мерасонад, розист:


"Корҳои мо хуб рафта истодааст.Соли 2005 бисёр камбудиҳои хонаро буд кардем.Ҳамин қадар кор карда хона надоштам ва аҳли оила ҳамроҳи падару модарам зиндагӣ мекардем. Дар соли 2005 ман ба худам хона сохтам дар Тоҷикистон .Ҳамеша ба аҳли оила кумак мерасонем , ҳар моҳ пул мефиристем, то онҳо зиндагиашонро пеш баранд".

Ҳарчанд чун Карим дар байни ҷавонони тоҷик пазандаҳо кам нестанд, вале дуюмин риштае, ки тоҷикон солҳои охир зиндагии хешро тавассути он пеш мебаранд, сохтмон аст. Зеро солҳои охир чун шароити зиндагии мардум дар Қазоқистон беҳтар гардида, одамон соҳиби молу сарват мешаванд, ниёз ба сохтмон бештар мешвад ва дар кишвар садҳо бинои баландошёнаву бустонсаро ва кохҳо бунёд мегарданд,ки дар онҳо низ нақши дастони манзилсозони тоҷик дида мешавад.
XS
SM
MD
LG