Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи кӯдакони зиндамондаи парваришгоҳи "Чорбоғ"


Дар парваришгоҳи кӯдакони ятиму маълул бо номи "Чорбоғ" 79 тифл мезист ва аз онҳо 13 кӯдак рӯзи якшанбе нобуд шуд. Ду нафар ҳоло дар бемористон буда, як нафари дигар чанд рӯз пеш аз сӯхтор дар бемористон таҳти муолиҷа буд ва як нафар ба хонаи наздиконаш рафта. Бачаҳои зиндамонда ба парваришгоҳи маъюбон дар кӯчаи ба номи Ҳувайдуллоев кӯчонда шуданд. Бо дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон як ситоди изтирорӣ барои таъмини кӯдакони наҷотёфта бо либос ва ғизо таъсис ёфт. Раиси ҷумҳур аз ин ҳодиса изҳори таассуф ва ба хонаводаҳои 13 тифли нобудшуда изҳори ҳамдардӣ кард. Аз кӯдакони наҷотдодашуда як нафар ба бемористон интиқол дода шудааст.
Ҳангоме, ки ба бемористори пӯсти шаҳри Душанбе омадем, танҳо як нафар - Беҳзоди 14-сола, ки дар ин сӯхтор сахт захмӣ шудааст, бистарӣ буд.Сару рӯ ва дастони ӯ сӯхтаанд. Ганҷина Устоқадамова-яке аз мураббиёни парваришгоҳи кӯдакони маъюб Беҳзод Абдулсатторовро дар беморхона парасторӣ мекунад. Вай гуфт, агар кормандони ҳолатҳои изтирорӣ ва маркази оташнишонӣ сари вақт ба ҷои ҳодиса мерасиданд, шояд шумори зиёдтаре аз кӯдакон наҷот меёфтанд:
"Аксар бачагон роҳ гашта наметавонанд, барои ҳамин ҳамаро бароварда натавонистем. Мошинҳои оташнишонӣ як соат-ним соат баъд омаданд, аллакай ин 13 кӯдак мурда буд".
Мураббӣ Ганҷина Устоқадамова мегӯяд, сӯхтор дар натиҷаи ба ҳам расидани симҳои барқ дар ошхонаи парваришгоҳ ба амал омадааст. Вале ин далели вайро то ҳол коршиносон таъйид накардаанд. Ӯ мегӯяд, оташ аввал ошхонаи бино, сипас хобгоҳи кӯдаконро фаро гирифтааст. Хонум Устоқадамова мегуяд, феълан 77 нафаре, ки наҷот ёфтанд, ба парваришгоҳи дигар интиқол дода шуданд.
Мирзонабии Холиқзод,Душанбе
XS
SM
MD
LG