Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 13 кӯдаки маълул дар оташсузие дар Душанбе


Бар асари оташсузӣ дар парваришгоҳи кӯдакони ноқус-ул-ақл дар маркази шаҳри Душанбе 13 кӯдак кушта шуд. Як кӯдак дар ҳоли сӯхтагии шадид дар беморхона таҳти муроқибат қарор дорад. Ва 77 нафари дигари ин кӯдакон ба як парваришгоҳи дигар дар кӯчаи Ҳувайдуллоев мунтақил шуданд. Ин оташсузӣ ба далеле, ки то кунун рӯшан нашудааст, дар соати яку ними шаби вақти Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Мақомоти интизомӣ ва хадамоти сӯхторнишонии кишвар аз ироаи ҳар гуна маълумоте дар ин замина худдорӣ ва аз вуруди хабарнигорон ба ҷои ҳодиса ҷилавгирӣ мекунанд. Аммо шоҳидони айнӣ мегўянд, агар хадамоти сухторнишонӣ ва наҷот сари вақт дар ҷои ҳодиса ҳозир мешуданд, имкони наҷоти кўдакон вуҷуд дошт. Ба гуфтаи шоҳидон, хадамоти сухторнишонӣ замоне дар ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, ки кӯдакон бо кӯмаки сокинони маҳал аз дохили сохтмон берун оварда шуданд ва оташсузӣ хомӯш шуда буд. Ин парваришгоҳ аз маркази сӯхторнишонӣ ҳудуди 1 км ё камтар фосила дорад ва бо бинои вазорати дохила ва раёсати дохилаи пойтахт хеле наздик аст. Парваришгоҳи мавсум ба «Чорбоғ», ки бар асари оташсузӣ комилан аз байн рафтааст, марбут ба вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мебошад. То замони таҳияи хамин гузориш ҳеҷ манбаи масъул ҳозир нашуд, ки дар мавриди сабаби сар задани оташсузӣ маълумот диҳад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG