Пайвандҳои дастрасӣ

«Вахш» ба Ҷоми Иттиҳод омодагӣ мегирад


Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа-қаҳрамони футболи Тоҷикистон ба мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод--2006 омодагӣ мегирад. Чаҳордаҳумин давраи мусобиқот бо ширкати дастаҳои қаҳрамони ҳамаи 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчунин тими мунтахаби ҷавонони Русия аз 14 то 22 январ дар маҷмаъи варзишии «Олимпик» ва «Динамо» - и шаҳри Маскав баргузор мешавад. Дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. «Вахш», ки дар ин мусобиқот дувумин бор ширкат хоҳад кард, дар гурӯҳи «В» бо «Нефтчӣ»-и Боку -- қаҳрамони Озарбойҷон, «Оқтеппа»-и Актюбинск -- қаҳрамони Қазоқистон ва «Металлург»-и Лиепая-қаҳрамони Латвия бозӣ мекунад. Сармураббӣ Уроз Турақулов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо мақсади боз ҳам пурқувват кардани «Вахш» ин бозигарон аз бошгоҳҳои дигар ба даста даъват шудаанд: Юсуф Рабиев («Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров), Рустам Хоҷаев ва Зафар Зубайдов (CSKA-и Душанбе), Ҳасан Рустамов ва Сафар Каримов ( «Равшан»-и Кӯлоб), Рустам Усмонов ( «Жетису»-и Талдиқӯрғони Қазоқистон) ва Далер Тухтасинов ( «Торпедо»-и Жодинои Беларус).
Вале Уроз Турақулов мегӯяд, ба сабаби камбуди маблағ даста имкон пайдо накард,ки ба хориҷи кишвар сафар карда, бо дастаҳои қаввӣ бозиҳои санҷишӣ анҷом диҳад. Вай афзуд, дастаи футболи «Вахш» барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод 13 январ ба шаҳри Маскав сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG