Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷароҳии Ариэл Шарон поён ёфт


Н.Холзода

Бино ба гузориши телвизюни Исроил, табибон амали ҷарроҳӣ барои ҷилавгирӣ аз хунравии мағзии Ариэл Шарон-нахуствазири Исроилро ба поён расондаанд. Дар бораи ҷузъиёти ин амалиёти таъҷилӣ хабар дода намешавад. Вале дар оғози амалиёт табибон гуфта буданд, ки ҳадафи амалиёт ҷилавгирӣ аз хунравии дубораи мағзӣ будааст. Раҳбари 77-солаи Исроил баъд аз бемории хунравии мағзӣ аз рузи панҷшанбе то ҳол дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Қаблан табибон гуфтанд, чунин ба назар мерасад, ки оқои Шарон дигар ҳеҷ гоҳ натавонад ба кори худ баргардад. Ариэл Шарон дар ҳоле ба ин беморӣ гирифтор шуд, ки баъд аз ду моҳи дигар дар Исроил интихобот баргузор мешавад ва вай ба унвони раҳбари ҳизби тозатаъсиси "Кадима" яке аз номзадҳои аслии мақоми нахуствазирӣ ба шумор мерафт.
XS
SM
MD
LG