Пайвандҳои дастрасӣ

Модарони интизор ва фарзандони муҳоҷир


Фотима Раҳимова-сокини маҳаллаи Зарафшони пойтахт дар суҳбат бо мо гуфт, 11 соли қабл шавҳараш ва 4 соли пеш писараш Оятулло барои дар ҷустуҷуи кор ба Русия рафта буданд. Дар ин солҳо шавҳари ӯ танҳо 1 бор ва он ҳам дар рӯзи ҷанозаи духтари 20 солааш ба Душанбе омада, дубора ба Русия баргаштааст. Хонум Фотима мегӯяд, интизории роҳи наздикон ва мушкилоти сангину таъмини хонавода ӯро ниҳоят хаста кардааст:

"Дар ҳамин соли нав интизор шудам,аммо писарам ба ман занг назад. Шояд пул надорад, шароит надорад. Онҳо ба мо хеле кам кумак мекунанд. Худам дар бозор мешинам ва баъзе маводи хурданӣ мефурӯшам ва бо ҳамин восита хонаводаро таъмин мекунам. Интизорӣ дар ҷонам задааст, аммо чӣ илоҷ?"...

Сумангул духтари 12 солаи хонум Фотима мегӯяд, орзу дорад, ки ҳукуматдорон ва масъулини кишвар ҳарчӣ зудтар корхонаву иншоотро ба кор дароварда мардумро бо кор таъмин кунанд, то падару бародари вай дигар ба Руссия нараванд ва ҳамеша дар канораш бошанд:

"Ман мехоҳам падарам ва бародарам дар Тоҷикистон кор кунанд ва дигар ба Руссия нараванд".

Мусоҳибони мо Фотима Раҳимова ва Самирон Солеҳова бо истифода аз фурсате, ки мо дастандаркорони барномаи «Садои Ҳамватан» дар ихтиёрашон гузоштем, гуфтанд, ду нафар аз хешовандони онҳо беш аз 10 сол аст, ки ба Руссия рафтаанд ва то имрӯз падару модар ва пайвандон аз онҳо хабаре надоранд:

Фотима Рахимова:

"Хуршед ва Файзали писарҳои қайнии ман қариб 10 сол аст, ки ба Маскав рафтаанд, аммо даракашон то ҳол нест. Агар маро мешунавед ба модаратон Ҳуриннисо ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз худ хабар диҳед, ки кораш фақат гиря кардан аст".


Самирон Солехова:

"Аз оилаи Сафаровҳо писари калониашон ҳануз соли 1992 ба Русия рафта буд, аз деҳаи Сайёди ноҳияи Дарвоз. Хоҳиш мекунем, агар сиҳату саломат ҳастӣ, ба додару падарат ягон хату хабар фирист".


Амиралӣ Ҷаҳлонов, ки баъди чаҳор соли муҳоҷират тоза аз Русия баргаштааст, бо таассуф гуфт, яке аз мушкилоти аслии муҳоҷирони тоҷик ин аст, ки аксари онҳо ки ҷавонони то 25 сола ҳастанд, таваккалӣ ба Руссия мераванд, яъне ҳеҷ касбе ё ҳунаре аз бар накардаанд, аз ҳуқуқҳои худ ва қонунҳои ҷории ин кишвар огаҳ нестанд ва бар замми он аксари онхо забони русиро намедонанд:


" Хуб мешуд, агар ҷавонони мо ягон касбу ҳунар омӯхта баъд ба мардикорӣ мерафтанд. Дар ин сурат ҷойи кор меёфтанд ва азоб намекашиданд".

Элмурод Турсунов-намояндаи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо ин мавзӯъ мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати афзояндаи корӣ ба хориҷи кишвар як силсила тадбирҳои муҳим, аз қабили ташкили ҷойҳои ҳар чӣ бештари корӣ андешидааст, аммо ба сабаби маоши ночиз афроди корҷӯ намехоҳад дар ин ҷойҳо кор кунад:


"Барои коҳиш додани муҳоҷирати корӣ ҳукумати кишвар ҳамеша талош мекунад. Дар соли 2004 ҳудуди як ҳазор ҷойи кори холӣ ташкил шуд. Аммо бино ба камии маош мардум дар ин ҷойҳо кор кардан намехоҳанд. Феълан барои боло бурдани маоши мардум ҳукумат тадбирҳои мушаххас меандешад".

Музаффар Зарифов-намояндаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, дар соли 2005 созмони мазкур беш аз 2000 муҳоҷири коририи тоҷикро дар пойтахт ва навоҳии мухталифи кишвар бо қавонину тартиботи байналмилалии муҳоҷират шинос кард ва дастуру китобҳои мухталифро оид ба муҳоҷират ройгон дар ихтиёри онхо гузошт:


"Аз замони ташкили Маркази Итилоъотии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷиарат мо беш аз 2 миллион китобу буклетҳо дар бораи огоҳонидани одамоне, ки мехоҳанд муҳоҷирати кориро пеша кунанд,чоп кардем ва тавассути созмонҳои ғайриҳукуматӣ дастраси аҳолии деҳоти Тоҷикистон кардем".

Бино ба иттилоъи хадамоти ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, қарор аст, дар авоили соли нав дар маркази вилоятхои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва дар ноҳияи Рашт Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бахшҳои вижаи иттилоърасонӣ ва омузиши муҳоҷирини корӣ таъсис дихад.
XS
SM
MD
LG