Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хуҷанд созҳои миллии ориёиро гирдоварӣ кардаанд.


Профессор Наим Ҳакимов мегӯяд, дар авоили асри 19 барои навохтани созу навои миллии тоҷикон дар Бухорои Шарқӣ беш аз 110 асбоби мусиқӣ роиҷ буд. Оқои Ҳакимов мегӯяд, ҷои таассуф аст, ки ин теъдоди кӯчак низ то замони мо ба карат коҳиш ёфтааст.

Санъашиносон мегӯянд, омилҳои аз миён рафтани асбобҳои мусиқаи миллӣ мухталифанд ва яке аз онҳо лашкаркашиҳои аҷнабиён ба ин сарзамин будааст. Ба гунаи мисол, профессор Ҳакимов мегӯяд, бар асари ҳуҷуми артиши Русия ба Осиёи Марказӣ, аз миён бардоштани Аморати Бухоро ва ба як ҷумҳурии шӯравӣ табдил додани Тоҷикистон созҳои нафасии миллӣ нест гардид: «Зеро армияи амир аз байн рафт ва армияи ягонаи СССР бо маршу гимну сурудҳои ҳарбии ягона ба миён омад. Зимнан асбобҳои нафасии оркестри миллии артиши мирӣ нест шуданд.»

Бархе аз санъатшиносон бар ин назаранд, ки омили дигари нест шудани созҳои миллӣ ин аст, ки зумрае аз асбобҳо дар замони шӯравӣ ва то ҳанӯз ҳам созҳои қавмиву маҳаллӣ муаррифӣ шудаанд ва ба толорҳои консертӣ роҳ намебаранд.

Ҷӯрабек Назриев - раиси Пажӯҳишгоҳи мероси хаттӣ ва шарқшиносӣ ва як тан аз муғанниёни шинохта дар Тоҷикистон мегӯяд, анвоъи зиёди асбобҳои миллӣ дар мавзеъоти мухталифи кишвар маҳфуз аст ва дар миёни навозандагони мардумӣ роиҷ, ки барои эҳёи созҳои қадимаи миллӣ онҳоро бояд рӯи кор овард:

«Масалан гирем ҳамон рақсҳои духтаронро дар ҷануб, ки зангӯла дар пой доштанду дар даст қошуқ мерақсиданд. Чангу чағонаву ҷиғғаку дафу думбра нест шудаанд. Аъроб имрӯз ҳамон руду борбаду чангу чағонаи моро истифода мебаранд, ки бархе аз тақлидкорони мо онҳоро моли аъроб гуфта, дубора дар кишвар мавриди истифода қарор додаанд»

Дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ду осорхона аст, ки дар он гунае аз созҳои миллӣ маҳфузанд. Ин осорхонаи инфиродии худобиомурз Гурминҷ Завқибеков ва осорхонаи этнографӣ ё ҳунарҳои мардумист. Ва аммо дарҳои ин осорхонаҳо тақрибан ба рӯи мухлисини созу навои оирёӣ бастаанд.

Наим Ҳакимов, санъатшиноси хуҷандӣ дар ин шаҳри бостонии тоҷикон ахиран созҳои мардумиро гирдоварӣ кард ва дар осорхонаи инфиродии худ беш аз 60 асбоби атиқаи миллиро гирдоварӣ кардааст, ки дар ягон осорхонаи кишвар мушоҳида нашудаанд! Профессор Ҳакимов мегӯяд, сабаби дигари аз миён рафтани созҳои миллӣ адами устохонаҳо ва набуди косибон аст. Ба унвони мисол, ҳамакнун дар Осиём Марказӣ танҳо як усто боқӣ мондааст, ки карраной месозад.

Мирзо Мансуров аз шаҳри бостонии Истаравшан ягона нафарест, ки дар Осиёи Вусто ва зимнан дар сартосари олам карранойу сурраной меофарад. Усто Мирзо дар таъйиди гуфтаҳои профессор Ҳакимов мегӯяд, ҳамакнун дар Осиёи Марказӣ косибони ҳамтои ӯ намондаанд ва ӯ аз кишварҳои ҳамҷавор Ӯзбакистон ва Туркаманистон низ фармоиш мегирад ва барои онҳо карраной месозад. Усто Мирзо мегӯяд, беш аз 700 сол аст, ки ҳунари карранойсозӣ касби хонаводагии онҳост.

Наим Ҳакимов мегӯяд, созҳои зарбӣ, ки теъдоди анвоъи он аз 20 адад зиёд аст, имрӯз ба қадри назаррас коҳиш ёфтааст ва маъмултарин асбоби зарбӣ доира ва табл мондааст. Аз сӯи дигар, даҳҳо намуд най, анвоъи карраной, рубобу сеторҳо, думраву турангҳо аз байн рафтаанд. Барои ҳифзи ин ганҷи ройгон ва маъхази нодиртарин дар олам, яъне созҳои миллии ориёӣ, дар китоби ҷадиди худ, ки таҳти унвони «созҳои муосири анъанавии точик» ба чоп омода шудааст, профессор Ҳакимов анвоъи асбобҳои нодиртарини мардуми ориёитаборро гирдоварӣ ва номнавис кардааст.
XS
SM
MD
LG