Пайвандҳои дастрасӣ

Дастрасии сокинони Суғд ба радиову телевизиони Тоҷикистон


Хуҷанд. Бо пиёдасозии барномаи «Мавҷи Cомон - 2005» сокинони кулли манотиқи шимоли Тоҷикистон ба дидану шунидани барномаҳои шабакаи якуми телевизион ва радиои ин кишвар дастрасӣ пайдо кардаанд.

Нарзулло Дадобоев, сарвари маркази иттилоотиву таҳлилии ҳукумати Суғд мегӯяд, тибқи ин барнома дар давоми 5 соли сипарӣ бо сарфи як миллион сомонӣ дар манотиқи канорӣ ва дурдасти вилоят, навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳу Ашт, Ғончиву Истаравшан 50 адад мавҷпаҳнкунандаи нави телевизион насб ва 21 адад тақвият дода шудааст:

«Дар натиҷа имрӯз аз тариқи ин мавҷпаҳнкунандаҳо беш аз 95 дар сади сокинони вилоят ба дидани намоишҳои шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ дастрасӣ доранд. Инчунин, бо тақвияти мавҷпароканҳои радиоӣ дастрасии Суғд то ба 85 дар сади аҳолӣ ба шунидани гуфтори шабакаҳои радиои Тоҷикистон боло рафтааст.»

То татбиқи барномаи «Мавҷи Сомон - 2005», то соли 2000-и милодӣ тақрибан 80 % сокинони Суғд имкони дидан ва шунидани телевизион ва радиои Тоҷикистонро доштанд. Боқӣ фазои иттилоотии вилоят дар ихтиёри расонаҳои электронии кишварҳои ҳамсояи Ӯзбакистон ва Қирғизистон қарор дошт. Вале ҳамакнун, ки шароити беҳтар барои дастрасии сокинони Суғд ба радиову телевизиони Тоҷикистон фароҳам омадаст, мушкили асосӣ ин аст, ки сокинони устон дар қисмати бештари шабонарӯз аз барқ ва табиист, истифодаи радиову телевизион маҳруманд. Дар ин фасли зимистон низоми интиқоли барқ ба манзилҳои сокинони Суғд, ба ҷуз шаҳри Хуҷанд, шадидтар шуда, танҳо субҳу шом давоми 4 соат дода мешавад. Масъулини маркази мавҷпарокании радиову телевизиони Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯянд, дар вилояти Суғд то кунун деҳоте ҳам вуҷуд дорад, ки шабакаи барқ аслан то онҳо нарасидааст ва дар ин ҳол - чӣ ҷои насби мавҷпароканҳои телевизион дар чунин маҳалҳо. Саидкамол Набиев - муовини сарвари маркази паҳнкунии мавҷҳои телевизион ва радиои рақами 2, дар шаҳри Хуҷанд:

«Мана, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро бигирем, то ҷамоати Лангар то ҳол шабакаи хати барқ умуман кашида нашудааст. Онҳо аз дастгоҳҳои бензинии барқӣ истифода мекунанд. Лекин барои таҷҳизоти мавҷпаҳнкунандаи мо ингуна дастгоҳҳои барқӣ кор намеояд. Мо чанд маротиба таҷриба кардем, аммо он дастгоҳҳо зуд аз кор мебароянд.»

Вилояти Суғд дорои 13 телевизион ва 2 радиои мустақил аст, ки феълан аксари онҳо фаъоланд. Вале соатҳои пахши барномаҳо ва имконоти техникии мавҷпарокании ин расонаҳои электронӣ маҳдуд аст. Мавҷи радиову телевизионҳои мустақили Суғд аз мантақаи насби худ чандон дур намеравад. Масалан, намоиш ва гуфтори 3 телевизион ва ду радиои мустақили Хуҷанд танҳо барои сокинони маркази устон ва навоҳии наздик ба он дастрас аст.Вале қисмати бештари сокинони Суғд, ба хусус - аҳолии манотиқи наздимарзӣ дар Мастчоҳу Ашт ва Конибодому Исфара метавонанд бидуни мушкилӣ намоишу гуфтори шабакаҳои телевизион ва радиои Узбакистон ва Қирғизистонро бинанду шунаванд.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносони Суғд дар умури расонаҳои хабарӣ, дар ҳоли ҳозир нақши расонаҳои электронии Узбакистон дар фазои иттилоъотии минтақаи шимолии Тоҷикистон чашмрас аст. Чунонки як сокини ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд :

«Сокинони ноҳия ба расонаҳои мустақили электронии вилоят дастрасӣ надоранд. Танҳо имкони тамошои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро доранд, ки он ҳам субҳу шом намоиш пахш мекунад ва азбаски сифати таҳияи намоишҳо паст аст, кам тамошо мекунанд. Аммо сокинони минтақа ба 5 шабакаи телевизионии Узбакистон дастрасӣ доранд ва гоҳе ки барқ ҳаст, шабу рӯз онҳоро тамошо мекунанд. Ва баъзан аз навгониҳои Тоҷикистон аз телевизиони Узбакистон бохабар мешаванд.»

Ба сабаби мушкилии молӣ теъдоди хеле ками сокинони Суғд мавҷгирҳои моҳвораӣ харидорӣ намуда, дар манзилҳои худ насб кардаанд. Вале аксари ин теъдоди ками роҳёфтагон ба шабакаҳои ҷаҳонии телевизион ба иллати надонистани забонҳои байналмилалӣ бештар намоишҳои барномаи шабакаҳои телевизионии Русияро тамошо мекунанд.
XS
SM
MD
LG