Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли хуруҷи Ариел Шарон аз саҳнаи сиёсии Ховари Миёна


Пизишкон мегӯянд, ки сарвазири Исроил Ариел Шарон пас аз ҷарроҳии тӯлонӣ, ки ба думболи сакта ва хунравӣ дар мағзи сараш зарур шуд, дар ҳоли сахт, вале мӯътадил қарор дорад. Ҷонибдорон ва дӯстони сарвазири Исроил аз бемории ӯ изҳори ташвиш ва таассуф мекунанд вале баъзе мухолифони ӯ қаноатмандии худро аз вазъи феълӣ иброз намуданд. Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш ва вазири корҳои хориҷии Британия Ҷак Строу гуфтанд, ки онҳо барои беҳбуди вазъи саломатии Шарон дуо мекунанд. Раҳбарони Фаронса, Олмон, Русия ва ҳамчунин сарвазири Фаластин Аҳмад Қурейӣ бо орзуи шифои Ариел Шарон ба ӯ пайғом фиристоданд. Моҳи декабр низ Шарон сактаи хурдтари мағзиро аз сар гузорида буд. Ин мушкилоти саломатии Шарон вақте ба амал омад, ки вай чанд моҳ қабл аз ҳизби ростгарои Ликуд берун шуда, ҳизби нави марказгароеро бо номи Кадима таъсис дода ва ба интихоботи моҳи моҳи март омодагӣ мегирифт. Акнун аз эҳтимоли хориҷ шудани Шарон аз саҳнаи сиёсӣ ва таъсири ин рӯйдод ба равандҳои Ховари Миёна сӯҳбат мекунанд. Гурӯҳи тундрави фаластинии Ҳамос изҳор намуд, ки Ховари Миёна бе вуҷуди Ариел Шарон беҳтар хоҳад шуд, ва ҷаҳон дар арафаи раҳоӣ ёфтан яке аз раҳбарони бадтарин мебошад.
XS
SM
MD
LG