Пайвандҳои дастрасӣ

Шумо ба киҳо савол додан мехоҳед?


Бисёр дилам мехоҳад, ки мардуми мо ба ин поя бирасанд ки бихоҳанд ба устод Акбари Турсон, бо устоди бузургвор ва яке аз бузургтарин шоирони тоҷики Афғонистон Восифи Бохтарӣ ва беҳтарину тавонотарин шоири Тоҷикистон Фарзонабону, бо донишманди беназир Шариф Шукуров ва амсоли эшон (агар бошанд) сӯҳбат бикунанд ва аз ҳолу аҳволи эшон бипурсанд ва бидонанд, ки ин азизон ба чӣ кор машғул ҳастанду барои раҳоии мардум аз зиллату хорӣ ва барои расидан ба зиндагии шоиста чӣ бояд кард?
Ориёнфар
--------------------------------------
Ман мусоҳибаи Саид Абдуллои Нуриро дар рӯзномаи "Миллат" хондам. Бисёр хуб буд. Саволҳои кӯндаланг гузошта шуда буд. Ин мусоҳиба боиси гапҳои зиёд шуд. Ман мехоҳам, бо ҷаноби Нурӣ сӯҳбат дошта бошед. Посух гӯяд дар бораи масъалаҳои зиёди ба ӯ вобаста. Ва ҳамчунин бо сардабири нашрияи "Миллат", хонуми далер ва нотарс Адолати Мирзо, ки сукут ва хомӯшии матбуотро бо ин мақолаи худ барҳам дод.
Бо эҳтиром,
Баҳодури Шодон
---------------------------------------
Салом Озодӣ!
Ман ба вазири маориф низ савол дода будам, вале Шумо ҷой надодед.
Дар соли гузашта ба фикри ман, чолибтарин падида дар ҳаёти матбуоти мо рӯзномаи "Миллат" буд. Ба назарам, ин рӯзномаи боэътидол аст ва ҳамаи хатоҳои рузномахои гузаштаро то як ҳад ба назар мегирад. Ва маълум аст, ки ба миллат ва ватан масъулинаш дилсӯзӣ доранд. Мехоҳам бо хонуми ба назари ман далер ва боҷуръати мардсифат Адолати Мирзо сӯҳбат доир кунем. Мехостам бипурсам, чӣ хел муваффақ шудааст, ки кореро ки мардако наметавонанд бикунанд, мекунад. Дар ҳоле мардо факат меноланд, ки ҳукумат рӯзномаҳошонро сабти ном намекунад, ӯ чӣ хел тавонист ва боз ҳукуматро танқид ҳам мекунад?
Ҳамчунин дар бораи зани дигари шуҷоъ Мавлуда Султонзодаи Абдулло низ мехоҳем донем. ки дар куҷост ва чӣ кор мекунад.
Самандар, собиқ муаллим
---------------------------------------
Мехоҳам сӯҳбати on-line бо сиёсатмадорони кишвар доир гардад. Аз он ҷумла мехостам, доир ба фаъолияти шахсии онхо маълумоте гирифта бошам.
Ҳамчунин бо ҳуқуқшиносони маъруф: Раҳматилло Зойиров, Фаррухшо Ҷунайдов. Бо рӯзноманигорон Марат Мамадшоев (рӯзноманигори рақами 1 дар Тоҷикистон) Раҷаби Мирзо, Нуралии Давлат, Хуршед Атовулло, Каюмарси Ато, Соҳибёри Толиб, Носирҷони Маъмурзода, Умаралии Сафаралӣ, Ноёбшои Зӯробек.
Ҳамчунин иқтисоддони машҳур Ҳоҷимаҳмад Умаров.
Саволҳои ман ба ин шахсон хеле зиёд аст. Агар чунин фурсатро родиёи "Озоди" фароҳам биоварад хеле хуб мешуд.
Бо эҳтиром Алӣ.
-------------------------------------
Салом Родиёи ОЗОДӢ!!!
Аз оне, ки чунин имкониятҳоро ба сомеъон ва алоқамандонатон фароҳам меоред хушҳол ва муташаккирем!
Бисёр хуб мешуд агар рӯзноманигоронро ҳам ба "on line" даъват мекардед.
Мо бисёр мехоҳем Ҷумъабой Толибовро дар мавриди чаро ба "авбошӣ" даст заданаш суолборон кунем.Агар Мухтор Боқизода "сири" барқ "дуздидан"-ашро қисса кунад ҳам бад нест.
Аз ҳолу аҳволи Додоҷони Атовуллою Салими Аюбзод, аз "Рӯзи нав"-и Раҷаби Мирзою аз ҳаёту "ЗИНДАГИ"-и Хуршеди Атовулло низ бохабар будан орзуи деринаи мост.
Сиёсатшиноси дурандеш - Муҳиддини Кабирӣ,сиёсатмадори латиф - Хайринисо Мавлонова, сарояндагони маъруф - Далер Назар, Афзалшоҳи Шодӣ, Ҷӯрабек Муродов, ҳунармандони шинохта - Ҳошим Гадо(хатман!), Нурулло Абдуллоев, Шоди Солеҳов, Муҳаммадчон Шодиев... ҳам агар ба "on line" биёянд, боварии комил дорам, ки аз суолборон сарашон варам мекунад.
Ва дигар дархост ва пешниҳоди банда ин аст, ки ба "on line" саҳифаи алохида боз намоед ва саҳифаи "Майдони баҳс" бигзор хамчун майдони баҳси алоқамандони Шумо бимонад!!!
Боқӣ дар амони Худованди меҳрубон бошед!!!
Соҳибёр
--------------------------------------
Ба номи Худованди Ҷону Хирад! Дуруди як шунавандаи родиюи Озодӣ ба ҳамаи кормандони ин даргоҳ ва ба ҷамъи тоҷикони дунё! Хеле хушнуд шудам, ки радио тасмим гирифтааст, сӯҳбатҳои ON-LINE-ро идома диҳад.Сараввал, бисмиллоҳи ин иқдомро дар сӯҳбат бо райисҷумҳур мебинам, пас бо вазирону кабирон, раҳбарони аҳзоби сиёсӣ аз Аграрӣ то ҲХДТ, баъдан бо намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷ, масъулини мақомоти муҳоҷирати кишвар дар Русияву Қазоқистон, дар ҳамин раванд гуфтугӯҳо бо муҳоҷирини ИҶБОРӢ(!!! чӣ чораи дигар доранд?) ва бо шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ ба монанди Бозор Собири ғариб, Мирбобо Мирраҳим, Шодмони Юсуф, Худойбердӣ Холиқназаров, Ҳоким Муҳаббатов (раҳбари "Чунбиш"-муқими Маскав), Юсуфҷон Аҳмедов - вакили Маҷлиси Намояндагон, Муҳиддини Кабирӣ, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода - намояндаи Мачлиси Олӣ, Худойназар Асозода - райиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳамчунин, овозхонҳои тоҷик- Далери Назар ва Садриддини Наҷмиддин ва ҳамин тур бо идомаҳояш. Дар амони Худо бошед! Худо нигаҳбон! Хилватшоҳи Маҳмуд.
----------------------------------------
Мо мехоҳем ба ин гуфтугӯ Саид Абдуллоҳи Нурӣ даъват шавад.
Гурӯҳи хонандагони саҳифа.
----------------------------------------
Салом.
Ман мехостам, ки агар имкон бошад шумо номзадҳои эҳтимолӣ ба интихоботи президентии соли 2006-ро даъват мекардед, то аз наздик бо барномаҳояшон ошно мешудем. Беҳтар емшуд аз ҷумла:
Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов
Раҳматулло Зоиров
Муҳиддини Кабирӣ
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Шодӣ Шабдолов
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
ва ҳамчунин шаҳрдори Душанбе
Муҳаммадсаид Убайдуллоевро,
то бипурсем, ки тайи ин солҳо ҳамчун шаҳрдор чи корҳоеро анҷом додааст.
Ҷамшед
---------------------------------------
Ба назари ман бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ миллати мо то ҳанӯз ягон пешвои ягонаи сиёсӣ надорад.
Мо шахсиятҳои миллати худро бо дасти худ "хафакуш" кардем...Акбари Тӯраҷонзода, марҳум Аслиддини Соҳибназар ва Давлати Худоназар.
Ягона чеҳраи мондагори ин миллат барои ман устод Муҳаммадҷони шакурӣ ҳаст.
Мехоҳам бо ин фарзонамарди миллатам мулоқот дошта бошам.
Меҳрдод аз Исломобод.
---------------------------------------
Сӯҳбати марди Худо мардат кунад,
Сӯҳбати ҳар нокасе дардат кунад.


Мо, гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик бисёр мехостем, ки аз Президенти Тоҷикистон шурӯъ карда, бо дигар мансабдорони кишвар сӯҳбат кунем. Мутаассифона, аз сӯҳбати каблии вазири маориф ва вазири тандурустии Точикистон чунин бармеояд: онҳо ба суолҳо фақат посухҳои расмӣ медиҳанд, ки онҳоро мо қаблан аз дигар расонаҳои хабарӣ дастрас карда будем. Акнун, мехоҳем бо Муҳаммадҷон Шакурӣ - Чеҳраи мондагори соли 2005 - и Эрон, Бозор Собир - нобиғаи шеъри муосири тоҷик, Гулрухсор Сафиева - шоираи шаҳир, Бӯрӣ Карим - "Елсини тоҷик", Давлати Худоназар - киноматогрофисти сиёсӣ, Акбари Турсон - файласуфи саршиноси тоҷик, Раҳими Мусулмониён - соҳиби "Саду як андеша", Мирбобо Мирраҳим - сардабири "Рӯзномаи маҳбуси маҳкум ба қатл", Мӯъмин Қаноат - шоири бе Лоиқ, Додоҷони Атовулло - рӯзноманигори маъруф, Шодмони Юсуф - демократи муҳоҷир, Халифабобо Ҳомидов - вазири кабир, Комил Бекзода - Хайёми сонӣ, Фарзона - духтари шеър, Мирзо Боқӣ - нависандаи бе билети Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сӯҳбат карда бошем. Оё радиёи Озодӣ барои ташкили чунин сӯҳбатҳо қудрат ва тавоноӣ дорад?
Боқӣ, барои ҳар яке аз Шумо барори кор орзумандем. Саломат бошед!
Бо арзи эҳтиром,
гурӯҳе аз ҷавонони худшиноси тоҷик.
----------------------------------------
Бисёр мехостам бо Абдумалик Абдуллоҷонов - собиқ сарвазири Точикистон мулоқоти онлайни дошта бошам. Чунки аз замони шурӯъи чанги шахрванди то имрӯз бисёр ҳаводис бо номи ин шахсият бастагӣ доранд. Дар вақташ, ҳангоме ки ӯ номзадияшро барои маснади президентӣ пешбарӣ карда буд, мани кӯдак барои нон харидан сумкаеро мебурдам, ки сурати Абдуллоҷоновро дошт. Мегуфтанд, ки агар вай президент шавад, шиками ҳар яке аз моро сер мекунад. Дар бораи ин шахсият ақидаҳо гуногун ва хеле зиддиҳаманд. Хуб мешуд, агар аз забони худи ӯ мешунидем. Саволҳо: Чаро ӯ имрӯз берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунад? Магар ӯ Ватану миллату халқашро дӯст намедорад? Чи омил ва қувваҳо вуҷуд доранд, ки барои бозгаштани ӯ ба Тоҷикистон монеъгӣ мекунанд? Аз ӯ хоҳиш мекунам, то муаммоҳои ҳаёти худро мухтасаран барои мо - ҷавонон нақл кунад. Чунки мо намехохем дар оянда ӯро "сиёҳ" ё "сафед" буд, гӯем.
Каюмарс
----------------------------------------
Аз ин ташаббуси шумо хеле хушҳолам ва пешниҳод мекунам, ки хонум Манижаи Давлатро ба мулоқоти ғоибона даъват кунед. Ман шунидам, ки вай овозхони соли 2005 эълон шудааст. Мехоҳам ба ӯ чанд суол диҳам. Ҳамчунин хуб аст, агар овозхони дӯстдоштаи ман Сироҷиддини Фозил ҳам ба меҳмонии "Майдони баҳс" даъват шавад.
Бо саломҳои гарм ва орзуи муваффақият
Ашӯр Назарзода
XS
SM
MD
LG