Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши дубаробари мусодираи ҳероин дар Тоҷикистон


Бунгоҳи назорат бар гардиши маводи мухаддир, ниҳоди вобастаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, хабар дод, ки мусодираи ҳероин дар кишвар дар қиёс ба соли гузашта 2 баробар бештар шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, дар соли 2005 дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар 561,3 килограм ҳероинро мусодира кардааст, дар ҳоле ки дар соли 2004 ҳаҷми умумии ин мавод 262 килограмро ташкил дода буд. Ба сурати умум назар ба як сол пеш дар соли 2005 зиёда аз якуним тонна маводи мухаддир мусодира шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки дар соли 2004 ҳаҷми маводи мухаддири боздоштшуда наздик ба 700 килограмро ташкил медод. Ношири арқом иттилоъ надодааст, ки болорафти ададҳо ба густариши фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ бастагӣ дорад ва ё кӯшиши қочоқи маводи мухаддир дар соли 2005 бештар шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки мақомоти Афғонистон аз коҳиши наздик ба 20-дарсадаи тавлиди ин мавод хабар дода буданд.
XS
SM
MD
LG