Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шинохти хатари HIV/AIDS


AIDS Маъракаи огаҳӣ аз HIV Созмони ҷаҳонии муҳоҷират (IOM) иҷрои лоиҳаи наверо дар Тоҷикистон шурӯъ кард, ки қарор аст, маърифати наздик ба ним миллион нафар аз муҳоҷирони корӣ ва аҳли хонаводаи онҳоро дар бобати эҳтиёт аз бемории СПИД ва ё AIDS баланд бардорад.

Масъули ин лоиҳа дар намояндагии IOM дар Душанбе, Рухшона Қурбонова мегӯяд, нашри маълумоти кофӣ дар бораи хатари ангали HIV ва бемории AIDS дар сатҳи маҳалла ва ҷомеаҳо ҷараён хоҳад гирифт. Барнома аз баргузории маҳфилҳои омӯзишӣ ва намоишҳои театрӣ дар аксари ноҳияҳои кишвар, таҳияи филми мустанад ва таъсиси дармонгоҳҳои таҳқиқи бепул ва махфӣ иборат аст. Ниҳодҳои давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон низ дар иҷрои он саҳм хоҳанд гирифт. Солона наздик ба 1 миллион аз аҳолии кишвар дар пайи даромад ба Русия ва дигар мамолик сафар мекунад, ки хатари овардани бемориро аз ин давлатҳо гурезнопазир гардондааст. Барномаи нав, ки бахши аввали он бо муваффақият анҷом ёфт, имкон дод, масъалаҳои дар гузашта "шармовар" ва пӯшида, аммо ҳаётан муҳим бештар мавриди гуфтор ва омӯзиш қарор гиранд. Ҳамагӣ чанд сол пеш ҳатто пизишкон аз баррасии чунин мавзӯъҳо худдорӣ мекарданд.
Намояндаи IOM дар Душанбе мегӯяд, ин барнома бо пуштибонии молии Бунёди ҷаҳонӣ ва дар ҳамкории наздик бо сохторҳои ҳукуматҳои марказӣ ва маҳаллии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
XS
SM
MD
LG