Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов ва сафири Эрон


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Носир Сармади Порсо вазъи муносибатҳои миёни ду кишвар ва барномаи сафари ҳайъати давлатии Тоҷикистонро ба Эрон баррасӣ кард. Дар мулоқот ҷараёни иҷрои созишномаҳои ҳамкорӣ дар сохтмони иншооти барқи обӣ ва роҳу нақб баррасӣ шуданд. Президенти Тоҷикистон қарор аст, дар нимаҳои моҳи январ ба Теҳрон сафар кунад. Охири моҳи декабр ҳайъати порлумонии Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Теҳрон паёми президент Раҳмоновро ба раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод тақдим карда буд. Ҷаноби Аҳмадинажод бо пазириши ин нома хостори мулоқоти президентҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон шуда, гуфта буд, ҳамкориҳои байни се кишвар бояд густариши бештар пайдо кунанд. Баъд аз Теҳрон ҷаноби Раҳмонов ба Туркия сафар намуда, қарор аст, бо сарони ин кишвар чанд созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонад.
XS
SM
MD
LG