Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Билайн" дар Тоҷикистон?


Дар шумораҳои нахустини нашрияҳои расмии Тоҷикистон дар соли 2006 матни табрикотии Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон ба муносибати фарорасии соли нав чоп шудааст. Президент Раҳмонов таҷлили рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва Русия, комилан ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузаштани ҳифозати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва шурӯъи бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтӯда - 1 ва Роғунро аз муҳимтарин дастовардҳои кишвар дар соли кӯҳан арзёбӣ кардааст.

Ҳафтаномаи мустақили «Миллат» дар як матлаби вижа иттиҳоди эҳтимолии се кишвари форсизабонро дар пешорӯи нишасти сарони ин кишварҳо дар Теҳрон таҳлил карда ва навиштааст, ки ингуна иттиҳод ба Тоҷикистон манофеъи иқтисодӣ ва фарҳангӣ хоҳад дошт. Тоҷикистон тариқи кишварҳои ҳамзабони худ метавонад ба баҳр роҳ биёбад ва ҳам дар симои ин кишварҳо ва ҳамчунин Покистон барои барқи худ харидор пайдо хоҳад кард. Танҳо нуктаи қобили мулоҳиза барои ин иттиҳод мушкили Ирон бо Ғарб сари барномаи ҳастаияш будааст.

Нашрияи «Нақлиёт» низ дар матлабе Осиёи Марказии маҳрум аз бандарҳои баҳриро минтақаи дар бунбасти ҷуғрофӣ қарордошта номида ва ин ҷамоҳирро аз лиҳози рушди имрӯзаашон ва имконоташон бо давлатҳои ҷануби Сахара баробар донистааст. Нашрия роҳи ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ҷамоҳири Осиёи Марказиро дар ҳамкориҳои бештари минтақавӣ ва аз миён бардоштани мавонеъи зиёди сунъиву боз намудани марзҳо дидааст.

Як хабаре, ки «Азия - Плюс» нашр кардааст, ҳокӣ аз харида шудани 60 % саҳмияҳои ширкати мобилии «Тоҷфон» аз ҷониби ширкати русии «Вимпелком», маъруф ба «Билайн» мебошад. Дафтари матбуотии ширкати русӣ хабар додааст, ки ин 60 % саҳмияҳо бар ивази 12 миллион доллар харида шудааст ва Александр Изосимов, мудири генералии «Вимпелком» дар сӯҳбат бо як нашрияи русӣ гуфтааст, майдони ҳанӯз ҳам холии хидматгузории мобилӣ дар Тоҷикистон ба онҳо имконоти хубе барои вуруд ба бозори мобилии ин кишвар медиҳад. Хабар мегӯяд, 40 % саҳмияҳои боқимондаи «Тоҷфон» моли «Ориёнбонк» мебошад.

Дар саҳафоти ҳафтаномаи «Зиндагӣ» собиқадорони амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистон аз вазъи иҷтимоии худ лаби шиква кушодаанд. Онҳо навиштаанд, новобаста аз он ки он ҷанг таҳмилӣ будааст, саҳви сиёсатмадорон будааст ё чизи дигар, онҳо фармон иҷро кардаанд ва ҳаёти худро зери хатар гузоштаву захмҳои равониву ҷисмонӣ бардоштаанд ва ҳоло ниёз ба кӯмаки давлат доранд. Дар матлаб хоҳиш шудааст, ки дармонгоҳе, ки замони Шӯравӣ дар маҳаллаи 46-и Душанбе барояшон бунёд шуда буд, ба собиқадорони ҷанги Афғонистон баргардонида шавад. Теъдоди ин собиқадорон тибқи маълумоте, ки дар нашрия омадааст, беш аз 7,5 ҳазор нафар будааст.

Ҳафтаномаи «Наҷот» як гузорише аз мулоқоти Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо масъулини шӯъбаҳои вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизби наҳзат чоп кардааст. Раиси ҲНИТ дар ин вохӯрӣ гуфтааст, соли 2006 соли густариши фаъолияти ҳизб дар саросари кишвар бояд шавад. Корҳое, ки то ин давра анҷом шудааст, дар чаҳорчӯбаи ҳизб будааст ва аз ин ба баъд бояд барои манофеъи умумиллӣ талош бишавад, гуфтааст ҷаноби Нурӣ.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси намояндагии бунёди Сорос дар Тоҷикистон ва собиқ узви Ҳизби демократии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи «Миллат» гуфтааст, бозгашти ӯ ба ҳизби демократ зарурате надорад ва ӯ рисолаташро дар ин ҳизб анҷом додааст. Аз фаъолияти Бунёди Сорос дар Тоҷикистон, Ойниҳол Ббоназарова мисол аз таъсиси бунгоҳҳои махсуси дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик дар Русия овардааст, ки он муҳоҷирон эҳтиёҷи шадид ба дастгирӣ доштаанд.

«Зиндагӣ» аз қатли ба истилоҳи нашрия ваҳшиёнаи се мардикори тоҷик дар ноҳияи Серпуховои вилояти Маскав хабар додааст. Ҳар се мардикор дар вақти хоб бо зарби табар ва корд кушта шудаанд.

Ва як навиштаи дигар аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ки аз мушкили нақлиёт дар шаҳри Душанбе дар ин айёми сардиҳо шикоят мекунад. Бо боридани барф ва ях бастани роҳҳову дар фурӯш набудани газ барои маршруткаҳо, мушкили мусофирон ба маротиб афзудааст, омадааст дар матлаб.
XS
SM
MD
LG