Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёде, ки дилҳоро хун мекунад


Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба бархе кудакони замони худ дар баробари рӯзҳои мудҳишу қисмати талхи ятимӣ мушкилоти фаровони сиҳатиро ба мерос мондааст. Ба андешаи коршиносон камхунӣ, бемории сили бардавом, ҷоғар, илтиҳоби шуш, фаромушхотирӣ ва ё кундзеҳнӣ аз қабили дардҳоест, ки дар баробари зарбаҳои сахти равонӣ то ба имрӯз ҷавонону наврасонро дунболагиранд. Яке аз ҷавонон аз ҷанги шаҳрвандӣ чунин ёд мекунад:

Ман он замон тахмин 7 сола будам. Ёд дорам, ки ҳамроҳи волидайн вақте ки барои харидани нон мерафтем, на ҳамеша харидани нон ба мо даст медод. Он замон шахс аз ҷони худ хатар дошт.Одамон метарсиданд, ки аз хона баромада барои харидани нон ва дигар маҳсулоти хӯрока мераванду шояд дигар ба хонаашон саломат барнамегарданд. Ҳатто соати 3-и шаб барои нон навбат меистоданд, лекин ба онҳо нон намерасид ва одамон гушна ба хона бармегаштанд. Пул доштанд, аммо нон намеёфтанд

Саидамоҳ Ҷурақулова корманди маркази бачагонаи ба номи Карин Манн мегӯяд, маркази онҳо аз рӯзҳои аввали таъсисаш беш аз 120 кӯдаки ятими бесарпаноҳро, ки ба камбуди шадиди ғизо мувоҷеҳ буданд ва вазъи сиҳатияшон дар ҳолати ногувор қарор дошт, ба тарбия гирифта буд.

Кӯдакон дар кӯчаҳову бозорҳо шаби худро рӯз мекарданд. Ба тозагӣ тамоман риоя намекарданд. Дар ахлоттӯдаҳо мегаштанду чизи аз пеш омадаро мехӯрданд. Аз ҳамин сабаб дар байни онҳо бемориҳои гуногун, аз қабили зуком,дарунрав ва зарпарвин паҳн шуда буд. Ҳангоме ки дар соли 1997 мо чунин кудаконро дар маркази худ гирд овардем , дар миёни духтарон ва писарон ҳамчунин касалиҳои сироятии ҷинсӣ низ ҷой дошт.

Дар ҳамин ҳол Юкие Мокуо, раҳбари дафтари намояндагии ЮНИСЕФ, бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мегӯяд, кӯдакони даврони ҷанги шаҳрвандӣ ғолибан аз камбуди ёд ва маризии ҷоғар азият мекашиданд:

Вобаста ба ин омил дар даврони ҷанг фавти кӯдакони то 5 сола зиёд буд, вале, хушбахтона, дар айни ҳол бо беҳтар шудани вазъи ғизоӣ дар кишвар ин рақам камтар шудааст

Равоншинос Маҳмадулло Давлатов мегӯяд, доимо дар ҳолати тарсу ҳарос қарор доштан, гуруснагӣ ва озору ранҷҳои ҷисмӣ боиси тарсу, ҷангҷӯ ва нобовар тарбия ёфтани ин кӯдакон гаштааст:

Асари ҷанг дар хоби кӯдак мушоҳида мешавад, яъне ӯ хобҳои даҳшатнок мебинад. Ин тасаввуротҳо ва ҳодисаҳое, ки дар хотири ӯ нақш мебанданд, ҳар лаҳза бо дидани ягон ҳодисаи ҷангӣ дар оинаи нилгун, ё нақл кардани нафаре дар хона ҳамоно боис мешавад, ки он ҳодисаҳо аз нав дар лавҳи хотираш барқарор шаванд. Ва метавонанд ҳамон зарбаҳои рӯҳии навбатиро ба олами равонии кӯдак бизананд.

Карл Нилсон, ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфт, пайомади дигари ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз таҳсил дур мондани толибилмону донишҷӯён аст. Мушкили аслии хатмкардаҳои он давра дар он аст, ки имрӯз номаҳои камоли онҳо аз сӯи роҳбарони баъзе корхонаву муассисаҳо эътироф намешаванд,

Ба иллати он ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти муассисаҳои таълимӣ хуб ва мунтазам набуд, хонандагон ва донишҷӯён имкони гирифтани саводи комилро надоштанд. Ва дар сурати ислоҳоти пурраи соҳаи маориф хатари бекор мондани ин ҷавонон ҷоӣ дорад. Чун кордиҳандагон наметавонанд ба номаҳои камоли дар он солҳо додашуда эътимод дошта бошанд, ки он воқеан вобаста ба дониши донишҷӯ дода шудааст ва ё ба таври ғайр ба даст омадааст

Маҳмадулло Давлатов мегӯяд, шонси барқарор кардани ҳолати равонӣ ва умуман беҳдоштии кӯдакони замони ҷанг вуҷуд дорад. Онҳоро мебояд ҷиддан аз хӯроки серғизо ва кӯмаки равоншиносон истифода кунанд. Дар акси ҳол бо гузашти чанд соли дигар ин дардҳо кӯҳна шуда, мутобиқан дар ҷомеаи Тоҷикистон қазияҳои сахт эҷод мекунанд. Яъне фоҷиа ин хоҳад буд, ки ҷомеаро гурӯҳи бузурги одамони аз назари равонӣ ва ҷисмӣ носолим ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG