Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зебоӣ ва мӯъҷиза


МӮЪҶИЗАҲОИ КӮҲНА ВА НАВ

Созмони ғайридавлатии N7W аз Швейтсария бо оғози як маъракаи ҷаҳонӣ аз мардуми олам даъват кард, дар интихоби ҳафт мӯъҷизаи нави дунё саҳм гиранд. Ҳар кас метавонад аз 21 мӯъҷизаи ҷаҳонӣ ҳафтгонаи беҳтаринро баргузинад ва дар се рӯзи соли нав, овоздиҳӣ аз якуми январ сар шуд, наздик ба 19 миллион нафар дар саротсари ҷаҳон ба воситаи телефон ва сомонаи интернетӣ рой доданд. Натиҷаҳои ниҳоӣ рӯзи якуми январи соли 2007 эълон хоҳанд шуд.
Ҳамаи ин маъракаро коргардони телевизион, нависанда ва ҳавонавард Бернард Вебер дар соли 2000 шурӯъ кард ва собиқ мудири Юнеско Федерико Майорро сардовари ҳайъате таъин намуд, ки аз меъморон, наққошон ва шоирони шинохтаи ҷаҳон иборат аст.
Дар гуфтугӯ бо Ҳамнафас Вебер гуфт, номи ҳафт мӯъҷизаи ҷаҳон дар давраҳои қадим таҳия шуда, аз садаи ду то ҳоло дунё мӯъҷизаҳои наве офарид ва номгӯй ба навсозӣ ниёз дорад: "Ман ба ду ҳазор соли баъдӣ нигоҳ кардам ва фикр кардам, ҳоло фурсатест, барои чунин навсозӣ. Таври маълум номгӯи қадимӣ аз аҳромҳои Миср, боғҳои муаллақи Бобулистон, пайкараи Зевс дар кӯҳи Олимп, обидаи Артемидо дар Эфес, мақбараи Моусол дар Ҳалиқарнас, муҷассамаи Колос дар Род ва бурҷи Искандария иборат аст. Аз онҳо танҳо аҳромҳои Миср ягона ёдгорест, ки одамон метавонанд, ба наздаш сафар кунанд ва онро бубинанд. Ва беҳтар аст, ки ҳафт мӯъҷизаи наве дошта бошем, ки мардум онҳоро дида тавонанд ва сафар кунанд."

Аз рӯйихати қадимӣ ба озмуни нав танҳо аҳромҳои Миср ворид шуда, дар он ҳамчунин мақбараи Тоҷмаҳал, кохи Кремл, девори бузурги Чин, нақби зеробии байни Бритониё ва Фаронса, пайкараи Озодӣ дар Ню Йорк, маъҷмӯи сангҳои Стоунҳенҷ, бурҷи Пизо, Хонаи операи Сидней ба ғайра ворид шуданд.
Ҷаноби Вебер мегӯяд, агар шумо, шунавандагони барнома дар Тоҷикистон ва дигар манотиқ, дар ин ройдиҳӣ ширкат карданӣ бошед, ба сомонаи интернетии www.n7w.com равед ва ҳафт мӯъҷизаи ҷаҳонро аз нигоҳи худ интихоб кунед.

МӮЪҶИЗА ЧИСТ?

Ин саволро ба шоираи тоҷик Фарзона додам ва аҷиб буд, ки бо сар шудани сӯҳбати ӯ дар гӯшии телефон садои мусиқии ношинос ва кайҳоние шурӯъ шуда, муддате садои худ мусиқивори Фарзонаро ҳамроҳӣ кард.
Хуб, ба андешаи шумо, мӯъҷиза яъне чӣ?

Фарзона: Вақте вожаи "мӯъҷиза"-ро меандешам, дар муқобилаш калимаи сеҳр пайдо мешавад, ки яке- яъне "мӯъҷиза" маънии ҳунару эъҷози ростину ҷовидонаро дорад ва дигаре, яъне "сеҳр", мазмуни ҳунари ҷодувонаи дурӯғину бебақоро медиҳад. Мӯъҷиза ҳар офаридаест, ки бо илҳому ангезаи худовандӣ бунёд шудааст ва сарчашмаи улвию халлоқӣ дорад. Ҳофиз мегӯяд:

Сеҳр бо мӯъҷиза паҳлу назанад,
Дил хуш дор, Сомирӣ кист, ки кори Яди Байзо бикунад

Дар "Маснавӣ" ҳам ҳикояте омадаст, ки ду нафар аз донои роз мепурсанд, ки асои Мӯсо сеҳр аст ё мӯъҷиза? Ҷавоб меояд, ки вақти хоб будани Мӯсо он асоро дуздед. Агар Мӯсо беиқтидор шавад, донед, ки асояш асари ҷодуст, агар аждаҳо гардаду ба шумо ҳуҷум орад, пас фаҳмед, ки он мӯъҷизаи Оллоҳ аст.
Ба андешаи ман, мӯъҷиза ҳар асарест, ки бо ишқи бузургу нотасвир таваллуд мешавад. Худи ишқ мӯъҷизаест, ки инсонҳои оддиро низ муаззаму мӯҳташам мекунад.

Ҳамнафас: Пас, аз нигоҳи Шумо, масалан, аҳромҳои Миср, пайкараи Озодӣ дар Ню Йорк ва ё бурҷи Эйфел дар Порис мӯъҷиза ҳастанд?

Фарзона: Бешак, бузургтарин мӯъҷизаи инсонҳо ва офаридгор, ҳамаи ин ёдгориҳое ҳастанд, ки бо гузашти замону баргрези тақвим тағйир наёфтанду мондагоранд. Аз нигоҳи ман мӯъҷиза ҳамон осорест, ки аз боду борон газанд наёбад, дерпо бошад ва ҳамеша ба мардум паёми муҳаббат ва пояндагӣ расонад.

Ҳамнафас: Лаҳзае ки инсон, як бандаи хокӣ, ба мӯъҷиза рӯбарӯ мешавад, чӣ лаҳза аст ва барои чӣ дидани он ба инсон таъсир мерасонад?

Фарзона: Лаҳзае ки як инсони оддӣ дар худ нирӯи бузурги илоҳӣ пайдо мекунад, ин қадар бузург ва муаззам мешавад ва ин қадар дар худ эъҷозҳое эҳсос мекунад, ки гӯё аз қолаби худ фаро меравад ва уруҷ мекунад ва фазоҳои густардае дар баробараш боз мешаванд. Ҳамон лаҳзае ки илҳому ангезаи БОЛО ба вай нозил мешавад, вай метавонад, мӯъҷиза офарад. Масалан, ман хаёл мекунам, ки бузургтарин шеъре ки классикони мо гуфтаанд, Ҳофиз гуфтааст, ҳатман дар ҳамон лаҳзаи наҷибе гуфта шуд, ки барои вай аз ОН СӮ илқо мешуд. Чунонки худ мегӯяд:

Дар паси оина тӯтисифатам доштаанд,
Ҳарчӣ устоди азал гуфт, бигӯ, мегӯям.

Яъне гӯё ки аз БОЛО дикта мекунанд ва ӯ онро рӯнавис мекунад ва ба мову шумо ҳадия мекунад. Ва ҳар нафаре ҳам ки тозакориҳо ва эъҷоз мекунад, масалан, қасри бузург месозад, як бинои мӯҳташам месозад, ҳамонро ҳам ҳатман ки бо қудрати худовандӣ ва бо он ишқи беназире ки ӯро раҳбаладу ҳодӣ мешавад, анҷом медиҳад.

Ҳамнафас: Фарзонабону, бештар гуфта мешавад, офаридаҳои азим, монанди аҳромҳои Миср ё чизҳое монанди он, бо бузургию ҳайбат ва шаҳомати худ мардумро мафтун мекунанд. Оё мешавад гуфт, ки мӯъҷиза метавонад, кабир ё сағир бошад?

Фарзона: Ман хаёл намекунам, ки мӯъҷиза хурду бузург бошад. Мӯъҷиза дар ҳама ҳол бузург аст. Масалан, ишқ ҳам хурд ё бузург намешавад. Ҳар чизи беназир, ба фикри ман, фақат мафҳуми бузургро метавонад, барои худаш бипазирад. Ҳатто дар ҳоле ки сураташ бисёр кӯчак ҳам бошад. Аслан, хеле бузург аст, хеле аз дарун васеъ аст. Як олами акбар аст дар вуҷуди ҳар мӯъҷиза. Ба ин хотир мӯъҷиза ҳатман як осори муаззам, як ёдгории муаззаме ҳаст, ки аз башар мондааст ва ҳатман дар он ангезаи худовандӣ ҳаст.

Ҳамнафас: Ташаккур, Фарзонаи азиз, ин гуфтугӯи биҳиштиро боз идома хоҳем дод, дар ҷараёни барнома, вақте ки сухан аз як рукни мӯъҷиза, яъне зебоӣ хоҳад рафт.

ДАР КӮЧАИ ЗЕБОӢ

Посухи раҳгузарони хиёбони марказии шаҳри Душанбе ба саволи ҳамнафаси мо Нилуфари Собир дар бораи нақши зебоӣ дар ҳаёти инсон: "Зебоӣ дар ҳаёти ҳар инсон нақши муҳим дорад. Бе зебоӣ ҳаёт бемаънист."
"Ахлоқ хуб бошад, кас зебост, вагарна зебоӣ ба дард намехӯрад."
"Зебоӣ тозагӣ аст. Тоза бошӣ зебо менамоӣ."
"Ҳама зебоем. Кишварамон ҳам зебост, хеле зебо."
"Аз зебоӣ ба ҷамъият ягон фоидае намерасад."
"Зебоӣ бояд табиӣ бошад, яъне ба "краска".

ТАЪРИФИ ИЛМИИ ЗЕБОӢ

Дар идомаи ин гузориш, ки ҳамнафаси дигари мо Абдураҳими Умарзод аз гуфтугӯ бо ҳунарпешагон, омӯзандагони ҳунарҳои нафис, тарроҳони либос ва аккосон таҳия кардааст, таърифи илмии зебоӣ ва робитаи онро бо муҳити атрофи худ хоҳед шунид. Ҳунарпешаи тоҷик Тағоймуроди Розиқ мегӯяд, дар ҳар нигоҳи худ зебоиҳои зиёдеро мебинад, ки ӯро мафтун мекунанд. Аммо донишҷӯе мегӯяд, вақте оила сарҷамъ нест, зебоӣ низ вуҷуд надорад. Устоди зебошиносӣ аз он ки дар барномаҳои солинавии телевизион на либоси миллӣ, балки нимбараҳнагӣ намоиш ёфтааст, ғамгин мебошад. Тарроҳи либос мегӯяд, зебоиҳои либоси миллӣ ва аврпуоиро ба ҳам пайванд додааст. Ва дар замони мо компютер ё ройона ва ҳам ҷарроҳии пластикӣ кӯшиш доранд, зебоии табииро такмил кунанд.

ДАВОМИ МУКОЛАМА БО ФАРЗОНА

Ҳамнафас: Ба назари Шумо, дар чанд соли охир, мафҳумҳои зебоӣ, мӯъҷиза ва нафосат дар ҷомеаи мо чи таҳаввулеро ба сар бурданд?

Фарзона: Ҳар нафаре ки шеър мегӯяд, бузургтарин ҳадафаш ин аст, ки бо наҷибтарин мафҳуми олам, яъне зебоӣ бештар иртибот дошта бошад. Аз оғози офариниш то имрӯз ҳеҷ гоҳ диду шинохти ягонаи зебоӣ вуҷуд надошт. Ҳар халқу ҳар миллат, ҳар дину мазҳаб, ҳар фарҳанг ва ҳар фард дар танҳоӣ назари мушаххас ба зебоӣ доштанд. Чунонки рамзи моҳ ҳазору дусад сол дар шеъри форсӣ ҳамеша тимсоли зебоӣ буд, аммо дар шеъри рус ва дар шеъри Фаранг маънии баракси онро дошт. Имрӯз низ дар Тоҷикистон ва дар кулли дунё зебоишиносии мардум андаке пояҳои умумӣ ва хеле бештар пояҳои хусусию инфиродӣ дорад. Зеро ҳама медонанд, ки чашми бебасар зеботарин падидаро ҳам дар пардаи зулмату қабоҳат мебинад. Дар ҳоле ки чашми зебонигар зишттарин офаридаро ҳам метавонад эъҷози зебоӣ шиносад. Мавлоно мегӯяд:

Пок кун чашмони худ аз мӯйи айб,
То бубинӣ боғу сарвистони ғайб.

Яъне зебоӣ бузургтарин василаи дил бастани мову шумо ба дунёву зиндагиву инсонҳост. Хоса зебоии сиратӣ, ки хеле амиқтар аз зебоии суратист ва бисёр бобақотару дерпотар. Ба андешаи ман, зебоии ростин муродифи мӯъҷиза аст, ки Шумо гуфтед ва як вазифа дорад, яъне ба зиндагонӣ, ба шахс бори дигар ишқро ҳадия намудан. Ва дар Тоҷикистон пояҳои зебоишиносӣ, ман хаёл намекунам, ки бисёр тағйир ёфта бошад. Яъне ҳамон тавр аст, ки буд. Боз ҳам ҳамон пояҳои мушаххас, инфиродӣ ва ҷудогона.

Ҳамнафас: Зебоӣ дар ҳаёти шахси Шумо чӣ нақш дорад ва чӣ таъсир?

Фарзона: Аслан, ҳарфҳое ки гуфтам назари бисёр шахсии худам ба зебоӣ буд ва ҳадафи шеър гуфтани ман, манзур аз мавзун кардани калимот низ шояд ҳамин бошад, ки бо зебоӣ камтарин ошноӣ ёфта бошам, камтарин нақб канам ба ҳамон ҷаҳони бисёр зебо, ки гӯё хориҷ аз ман ҷараён дорад ва ман то он ҳанӯз роҳе наёфтаам. Гӯё ман худамро як ҷазираи барканда аз он ҷаҳон медонистам, ки бо василаи шеър қаламро пул кардаам ва аз ҳамон пул гузаштам, то ба ҳамон зебоӣ ворид шавам. Яъне тамоми зиндагии ман рафтан ба сӯи зебоист, рафтан ба ҷустуҷӯи ҳамон инсони комиле ҳаст, ки ман дар орзуҳоям тарҳ рехтаам ва мехоҳам монои ӯ бошам, мехоҳам чун ӯ расотар шавам, раҳ ба раҳ мунир шавам, раҳ ба раҳ мунавар шавам, раҳ ба раҳ ҳарчӣ фазилати хубе ки он инсони комил ва расо дорад, ман ҳам барои худ бигирам ва тавонам, ки барои инсонҳо некиро, зебоиро, ишқу отифаро муаррифӣ кунам.

Ҳамнафас: Ташаккур, Фарзона бону, Шумо худ як мӯъҷиза ҳастед, чун ҳар коре мекунед, ҳар чизе менависед, саршор аз ишқу самимият аст.

Фарзона: Ман чуноне ки гуфтам, азбас ба зебоӣ ва мӯъҷиза ягон пайванд надорам, мехоҳам ошно шавам.

Ҳамнафас: Хоксорӣ зебоиро дучанд зеботар мекунад.

Ҳамин гуна сӯҳбатҳое буд дар Ҳамнафасии ин соат, ки агар шунидан мехоҳед, рамзи радиочаро дар охири сарлавҳаи асосӣ "ангушт" занед.
Гуфтугӯ бо Фарзона ҳамеша дилҳоро нарму беғубор мекунад ва ба кас нирӯ медиҳад, манзараи бузургтаре аз зиндагии худ ва дунёро бубинад.
Худо ёри шумо.
Зебо бошед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG