Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиммати гази ворида боло рафт


Бар асоси қарори Оҷонсии сиёсати зиддимонополӣ ва рушди соҳибкории Тоҷикистон корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» арзиши гази табиии ворида ба кишварро афзоиш дод. Файзиддин Садиров, сухангӯи корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикгаз дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз 30 декабри соли 2005 шаҳрвандон ва корхонаҳои давлативу хусусӣ барои истифодаи 1000 метри мукааб гази ворида 250 сомонӣ пардохт хоҳанд кард:

Он истеъмолкунандагоне, ки ҳисобкунак надоранд, барои истифодаи газ дар як моҳ 6 сомониву 25 дирам бо андоз аз арзиши иловашуда 31 дирам пардохт мекунанд.

Аммо ба гуфтаи Файзиддин Садиров, қиммати гази дар дохили кишвар тавлидшаванда тағйир наёфтааст:

Ҳамон тарифе, ки аввали соли 2005 муқаррар шудааст, яъне барои сокинон 105 сомонӣ барои истифодаи 1000 метри мукааб ва 125 сомонӣ барои корхонаҳо боқӣ мемонад. Дар Кӯлоб бошад шаҳрвандон барои 1000 метри мукааб 75 сомониву 5 дирам ва корхонаҳои саноатӣ 100 сомонӣ мепардозанд. Дар Қурғонтеппа барои сокиноне, ки ҳисобкунаки газӣ надоранд, дар як моҳ аз як нафар 1 сомониву 68 дирам ва дар Кӯлоб 1 сомониву 50 дирам муқаррар шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" болоравии қиммати гази ворида дар заминаи созишномаи нави миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон сурат гирифтааст.
Қаблан Ҷӯра Бобоев, мушовири вазири энержии Тоҷикистон аз сӯи Ӯзбакистон боло бурдани қиммати газ барои Тоҷикистон дар соли 2006 умро таъйид карда буд:

Ҷониби Ӯзбакистон нархи интиқоли газ ба Тоҷикистонро афзоиш додаст. Ҷониби Ӯзбакистон хабарнома фиристода ва талаб кардааст, ки аз 1 январи соли 2006 нархи 1000 метри мукааб гази табииро ба Тоҷикистон аз 42 доллар ба 55 доллар боло мебарад.

Соли гузашта интиқоли гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон аслан аз моҳи октябр шурӯъ шуда буд ва айни ҳол барои сокинони Душанбе меъёри истифодаи газ аз то 8 соат дар як шабонарӯз муқаррар шудааст.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG